Ҳукми иловагии муҳоҷирони депортшуда

 Дар натиҷаи кӯшиши ғайриқонуни убур кардани сарҳад,додгоҳи вилояти Омск се шаҳрванди Тоҷикистон: Салимхон Кукиеви 54-сола, Фахриддин Абдумамадови 39-сола ва Хуршед Олимови 35-сола, шаҳрвандони Тоҷикистонро барои як солӣ равонаи зиндон кардааст.

Номбурдагон, дар вуруди ғайриқонунӣ ба Русия гунаҳкор дониста шудаанд: “Бо вуҷуди он, ки шаҳрвандони мазкур ҳаққи вуруд ба Русияро надоштаанд, моҳи августи соли равон талош кардаанд, ки марзро ба умеди дарёфти кор дар Русия убур кунанд”.

Мақомот мегӯянд, дар пайи боздошт аз сӯи марзбонон шаҳрвандони Тоҷикистон гуноҳашонро пурра иқрор кардаанд. Бо қарори додгоҳ Кукиев ва Абдумамадов ба як соли зиндон ва Олимов ба 11 моҳи зиндон маҳкум шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *