Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Устодону донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар «Сафед-дара»

Як гурӯҳ устодону донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон 26 январи соли равон аз Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-Дара”  дидан карданд.

Тавре ки аз донишкадаи мазкур ба «Tajikistantimes» иттилоъ доданд, мақсад аз ин сафар ба Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара»- ошноӣ пайдо намудан аз имконияту дастовардҳо дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва варзиши зимистонаи мамлакат мебошад. Ҳамчунин, дар  донишкада аз рӯйи ихтисоси туризм муттахасисон тайёр карда мешаванд ва шиносоӣ аз чунин маҷмаа дар такмили донишҳои тахассусии онҳо таъсири амиқ мегузорад.

Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» ягона мавзеи сайёҳии лижаронӣ  дар мамлакат буда,  дар масофаи 57-километрии шаҳри Душанбе, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.

Устодону донишҷӯёни донишкада бо шароити ин мавзеи варзишию сайёҳӣ, аз ҷумла  меҳмонхона, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ ошно шуда, аз хизматрасонии тамоми таҷҳизоту воситаҳои варзишию дилхушии мавзеъ истифода намуданд.

Раёсати донишкада тасмим гирифтаст, ки бо Раёсати Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» шартномаи ҳамкорӣ баста, минбаъд донишҷӯёни ихтисосҳои туризми донишкадаро барои таҷрибаомӯзӣ ба ин мавзеъ сафарбар намояд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.