Ҷустуҷӯи қотили Алиназар Қамбаров идома дорад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Қосим Абдурасулов, сокини шаҳри Хоруғро, ки дар куштори ҷавони 27-сола муттаҳам мешавад, мавриди пайгард қарор дод. Ин мард нисфирӯзии 16-уми июл дар маҳаллаи Хоруғи Боло, маъруф ба “Бархоруғ”, дар пайи як муноқиша ба сӯи Алиназар Қамбаров аз таппонча тир холӣ кардааст. Қамбаров аз зарби тир, ки ба пешониаш расид, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ин ҳодиса аз ҷониби Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ сабт шуд. Гумонбари куштор Қосим Абдурасулов аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. «Ҳоло маълум нест, ки силоҳро ин мард аз куҷо дастрас кардааст. Ҳодиса таҳқиқ мешавад ва барои боздошти гумонбар ҷустуҷӯ идома дорад», — гуфт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *