Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вахш: Муаллима худро бо рӯймолаш дор кашид

Мувофиқи маълумоти ВАО, дар ҷануби Тоҷикистон як муаллимаи мактаби миёна худро ба дор овехтааст.

Ин муаллима 26 сол дошта ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ”-и ноҳияи Вахш аз фанни забони хориҷӣ дарс мегуфтааст, ҳодиса субҳи 29 апрел ба вуқӯъ пайвастааст.

Бино ба маълумотҳои охир, ин муаллима худро бо румолаш дар оғилхонаи манзили падараш овехтааст. Ин қазия ҳоло зери санҷиши Додситонии Вахш қарор дорад ва далели ин амали ӯ муайян мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.