Ваколати Сафарзода қабл аз муҳлат қатъ шуд

Ваколати Бахтовар Сафарзода, узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, пеш аз муҳлат қатъ карда шуд.

Мақомот рӯзи 1-уми октябр гуфтанд, ки Сафарзода намояндаи комилҳуқуқи порлумони Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардид ва бинобар ин ҷояш дар Маҷлиси Намояндагон холӣ шуд.

То ин дам дар ин мақом Ибодулло Раҳимов кор мекард. Бахтовар Сафарзода ҳамчун номзад аз Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботҳои солҳои 2015 ва 2020 вакили Маҷлиси Намояндагон интихоб шудааст.

Вай доктори илми ҳуқуқ буда, дар гузашта ба ҳайси муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *