Варзишгари тоҷик бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт

Хушқадам Хусравов рӯзи 10 ноябр дар Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштини самбо дар вазни то 62 килограмм соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Ин мусобиқот дар шаҳри Чхонд-жуи Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид.

Дар ин бора Хушқадам Хисравово дар саҳифаи Фейсбукаш чунин навиштааст:

“Салом алайкум ҳамватанони азиз,дустон ва бародарони қадрдон ва хешутабори наздикам. Медонам ,ки имруз маро зиёд мухлисӣ кардед. Ҳамаатон боварӣ доштед ,ки ман дубора Қаҳрамон мешавам. Ман худ барои ин мусобиқа омодагии зиёд дида будам ва шабу руз заҳмат кашидам. Дубора хостам ҳамватанони худро шод кунам. Вале насибу тақдирам ҳамин медали биринҷӣ будааст .Шукр мегӯям,худованд беиқболмон накард. Шукри Аллоҳ ,ки дар се сол ман ҳама медали тилло, ҳам нуқра ва ҳам биринҷии Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро гирифтам”.

Хушқадам Хусравов соли 2015 дар Ҷопон дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон медали нуқра ва соли гузашта медали тилло ва имсол соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *