Вазири молия: Барои «Роғун» маблағҳои иловагӣ ҷудо мешавад

Барои сохтмони Неругоҳи барқи обии НБО «Роғун» соли равон маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд.
Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон зимни ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» иброз дошт. Инчунин, номбурда зикр намуд, ки бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони НБО «Роғун» аз ҳисоби қоғазҳои қиматноки давлатӣ бо асъори хориҷӣ (евробондҳо) 2470, 4 миллион сомонӣ аз ҳисоби фурӯши металл ва сангҳои қиматбаҳо 749,2 миллион сомонӣ то охири сол равона карда мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи нақша 16 ноябри соли равон агрегати нахустин ин иншооти бузурги аср-НБО «Роғун» ва моҳи апрели соли 2019 чархи дуюми он ба кор шурӯъ хохад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *