Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вокуниши ВКД ба номаи Раҳматулло Зойиров дар робита ба таҷовузи духтари 12-сола

Баъд аз ирсоли номаи Раҳматулло Зоиров ба унвони прокурори генералӣ ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон,  Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар изҳороти охирини худ, иттиҳомот дар бораи рӯйпӯш шудани таҷовузи як духтари 12 – сола дар шаҳри Ҳисорро аз ҷониби мақомот рад кард. Дар ин бора «Sputnik Тоҷикистон” хабар медиҳад.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба ин манбаъ иттилоъ додааст, ки парвандаи ҷиноӣ дар прокуратураи шаҳри Ҳисор боз шуда, тафтишот идома дорад ва мавориди рӯйпӯшу фишори касе ба касе эҳтимоле беш нестанд.

Вай афзудаст: “Азбаски ин ҳодиса соли 2019 иттифоқ афтода, аммо аз ин ҳисоб, ки ҳомила будан ё набудани духтар маълум набудааст, тарафи ҷабрдида ба мақомот муроҷиат накардааст”.

Инчунин номбурда қайд мекунад, ки:

 “Вақте ки аломатҳои ҳомиладор будани духтар пайдо мешавад, он гоҳ пайвандонаш ба мақомот муроҷиат кардаанд. Пас аз таваллуди тифл духтар нишондод медиҳад, ки аз Ҳусниддин Абдуллоев ҳомила шудааст. Тафтишот идома дорад, аммо гумонбари асосӣ маълум нест. Эҳтимоли ширкати дигар афрод дар ин ҷиноят низ вуҷуд дорад. Ҳоло натиҷаҳои ташхисҳои зарурӣ маълум шавад, гунаҳкор низ рӯи об хоҳад баромад”.

Бояд гуфт, ки рӯзи гузашта, 17 июн, Раҳматулло Зоиров, вакили дифоъи як духтари 13 – сола, ки муддаӣ аст, нафари таҳти ҳимояташ таҷовуз шудааст, ба прокурори генералӣ ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон нома навишта, хабар дод, ки прокуратура ва мақомоти корҳои дохилии шаҳри Ҳисор ин ҷиноятро рӯйпӯш ва ба хешовандони ҷабрдида таҳдид мекунанд.

 Бино ба навиштаи Раҳматулло Зоиров, ин ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Сомон, участкаи Кӯчабоғи паҳлӯи варзишгоҳи навбунёди Ҳисор, иттифоқ афтода, як фарди 42 – сола ба номи Ҳусниддин Абдуллоев соли 2019 духтари 12 – солаи ҳамсояаш Хайруддин Зарипов, корманди корхонаи асфалт ба номи Сумая Хайриддинова, мутаваллиди 2007 – ро дар говхона таҷовуз кардаст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.