Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфт

Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон беш 3,5 ҳазор адад мошинҳои сабукрав ворид кардааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 дарсад бештар аст.

Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон беш 3,5 ҳазор адад мошинҳои сабукрав ворид кардааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 дарсад бештар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар маҷмӯъ дар чор моҳи соли 2019 маблағи мошинҳои воридотӣ 47,5 миллион долларро ташкил додааст, ки ба 23 дарсади молҳои воридотии Тоҷикистон баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манобеъи расмии Тоҷикистон мизони воридот дар ин кишвар нисбат ба содирот 3 баробар бештар будааст.

Дар чор моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 15 миллион доллар мол ворид карда ва танҳо ба маблағи 320 миллион доллар мол содир кардааст. Тавозун 695 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар ин давра Русия (табодули мол 332 миллион доллар), Қазоқистон (277 миллион доллар) ва Чин (180 миллион доллар) аз шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон ҳисоб меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *