Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вождаев ба Ӯзбекистон рафту Иван Иванов омад

Мушовири давлатии дараҷаи аввали Русия, Михаил Валеревич Вождаев аз мақоми роҳбари “Россотрудничество” дар Тоҷикистон баканор шуда, ба вазифаи нав таъйин гардид, хабар дод сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Тавре аз сафорати Русия дар Душанбе хабар доданд, аз 19 августи соли равон Вождаев ба мақоми роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар Ӯзбекистон таъйин шуд.

“Ҳузновар аст, ки Тоҷикистонро тарк мекунам, аммо фикр мекунам, ки хеле корҳоро анҷом додем. Аз шарикон, ҳамкорон ва дӯстон барои дастгирӣ миннатдорам. Хеле лоиҳаҳои ҷолибро амалӣ кардем ва умедворам таҷрибаи андӯхта дар Тоҷикистон дар мақоми нав коромад хоҳад буд”, — гуфт Вождаев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Феълан иҷрокунандаи вазифаи роҳбари “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Иван Сергеевич Иванов таъйин гардид, ки қаблан дар симмати муовини раиси намояндагӣ кор мекард.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.