Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Як фавт: вазорати омори нави коронавирусро нашр кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар як шабонарӯзи охир 28 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коронавирус сироят ёфта, 19 нафар пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон баргаштанд ва 1 нафар фавтид.

Бояд гуфт, ки пас аз пайдо шудани сару садоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ билохира рӯзи 21 июн  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷой доштани ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони мамлакат ба бемории коронавирус иттилоъ дод.

Дар маҷмӯъ, аз 30 апрели соли 2020 то 4 июли соли 2021 дар кишвар 13 597 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13365 нафар (98,3%)  шифо ёфтаанд ва бар асари бемории мазкур 93 нафар фавтидаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.