Як хонаву як мошин: гонорари Зулфия Содиқова аз як филм

Меҳмони навбатии барномаи “Корзина”-и Ютубканали Pressa.tj ҳунарманди театр ва кино, директори “Хонаи кино” Зулфия Содиқова буд. Мо бо эшон доир ба зиндагии шахсӣ, фаъолият дар театру синамо, нақшофарӣ дар силсилафилми “Кухня”-и Лаҳистон ва  дигар ҷанбаҳо суҳбат кардем, ки  фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Яке аз 100 зани муваффақ

— Ба наздики шумо зимни як назарсанҷӣ ба рӯйхати “100 зани муваффақи Тоҷикистон” шомил шудед. Ба фикри шумо, барои кадом корҳоятон?

— Фикр мекунам, ки барои хизматҳоям дар соҳаи театр ва синамо…

— Мегӯянд, ки қадр кардану ҷоиза додан ба ҳунармандон онҳоро пир шудан намемонад. Ба ин фикр розиед?

— Ишораатонро фаҳмидам, аммо бояд бигӯям, ки ман ҳоло ҷавонам…

— Чандсолаед?

— Дилам 30-35-сола аст.

Фалокат тақдирро муайян кард

— Шумо соли 1985 ба шуъбаи ғоибонаи ихтисоси коргардонӣ дохил шудед. Бигӯед, ки таҳсил дар шуъбаи ғоибона ба донишҷӯ имкони коргардони хуб шуданро медиҳад?

— Ба шуъбаи ғоибонаи ихтисоси коргардонӣ дохил шудани ман қиссаи дароз ва бениҳоят талх аст. Хоҳари калонии ман Розия Содиқова ҳамкурси Қурбони Собир ва Абдулмумин Шарифӣ буд. Яъне шӯъбаи актёриро хатм кард. Муддате дар телевизион фаъолият намуд. Аммо соли 1985 ба садама дучор шуда аз олам даргузашт. Падарам дар он вақт ҷойгузини апаам маро интихоб карданд. Ҳамин тавр, ба шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи ҳунарҳои зебо, ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудам. Танҳо соли аввал дар шуъбаи ғоибона хондам ва соли дуюм ба шуъбаи рӯзона гузаштам. Ҳангоми таҳсил дар курси дуюм, замоне, ки гурӯҳи ҷавононро аз саросари Тоҷикистон барои таҳсил дар Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М. С. Шепкин интихоб мекарданд, бо тавсияи муаллим Мақсудшо Имматшоев ба Маскав рафтам ва ин даргоҳро чун актрисаи театру кино хатм кардам.

-Чӣ тавр розӣ шудед, ки аз баҳри ду соли таҳсил гузашта, ба  Маскав равед?

-Дар аввал розӣ набудам, вале муаллим гуфтанд, ки Зулфия аз ту коргардони хуб намебарояд, аммо  ҳунарманди хуб мешавӣ, имконият дорӣ, рафта таҳсил кун. Ҳамин тавр ман розӣ шудам. 

-Агар ҳунарпеша намешудед, кадом касбро интихоб мекардед?

-Замони таҳсил дар мактаби миёна як муаллим доштем, насабашон Табаров. Эшон ба мо аз фанни “Таърихи халқи тоҷик” дарс мегуфтанд. Дарсҳояшон хубу шавқовар буд. Дар симои он кас барои худ идеалро ҷустуҷӯ мекардам. Бинобар ин, бисёр мехостам муаллимаи таърих шавам.

Ояндаи синамо дар дасти кист?

— Шумо ба майдони синамо дер ворид шудед. Чаро?

— Вақте ки мо донишкадаро хатм карда ба Ватан баргаштем, бадбахтона, дар кишвар ҷанги бародаркуш оғоз шуд. Он замон ҳама дар фикри ҷони худ буд, на дар андешаи театру синамо… Дар театр фаъолият доштам, вале аз ҷониби синамогарон пешниҳоди хуб нашуд…

— Шумо як муддат дар се театр кор мекардед. Бароятон душвор набуд?

-Дуруст аст, ки тариқи шартнома ман замоне яку якбора дар се театри маъруфи кишварамон: Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский фаъолият мекардам. Бароям мушкил набуд, зеро кори дӯстдоштаамро иҷро мекардам ва дар намоишҳои беҳтарин нақш мебозидам.

— Ояндаи синамои тоҷик дар дасти кист?

-Ояндаи синамои мо дар дасти насли ҷавон аст. Аз Румӣ Шоазимов, Файзулло Файзов, Далер Имомалӣ, Шарофат Арабова, Далер Раҳматов ва дигарон интизориҳои зиёд дорем. Як чизро ба назар гирифтан лозим аст, ки бо як гул баҳор намешавад. Бо як коргардон кинои тоҷик пеш намеравад. Мо бояд 10, 20, 30 коргардони хуб дошта бошем ва дар паҳлуи чунинҳо ҳунарамандони хубу ҳирфаӣ бояд рост истанд.

Ақлро кор фармудан даркор…

— Шумо ба наздики дар кишвари аврупоии Лаҳистон дар силсилафилми “Кухня” нақш офаридед. Луфтан, бигӯед, ки чӣ тавр ба ин филм роҳ ёфтед?

— Охири соли гузашта, аз Лаҳистон ба ман занг зада гуфтанд, ки мо чунин силсилафилм дорем ва хоҳиш карданд, ки дар кастинг иштирок намоям. Аз онҳо пурсидам, ки чӣ корро бояд анҷом диҳам? Гуфтанд, ки чанд саҳнаро бояд бо забони лаҳистонӣ бозӣ кунӣ. Розӣ шудам. Онҳо ду саҳнаи филмномаро равон карданд. Ман дар ин ҷо саҳнаҳоро сабт карда, ба онҳо равон кардам. Ҳамин тавр, аз миёни чандин нафар барои иҷрои нақши муҳоҷирзан маро пазируфтанд.

-Шуморо дар он ҷо чӣ гуна қабул карданд ва муносибаташон чӣ хел буд?

— Аз вақти дар фурудгоҳ фаромаданам ба беҳтарин муносибату муоширати лаҳистониҳоиҳо дучор шудам. Соати муайяни корӣ маро аз меҳмонхона гирифта, ба майдони наворбардорӣ мебурданд ва пас аз анҷоми кор боз ба меҳмонхона меоварданд. Дар як рӯз ба мо 5 маротиба хӯроки гарм медоданд.  Яъне, ҳамааш хуб буд ва то андозае аз қадру қимати ҳунарманд дар он ҷо бохабар шудам ва Худо кунад, ки филмофарони мо ҳам чунин шаванд.

— Дар силсилафилми “Кухня” шумо чанд рӯзи корӣ доштед?

— Дар “Кухня” ман 25 рӯзи корӣ доштам. Дар як рӯз қариб 7 ё 8 саҳнаро ба навор мегирифтем.  

— Медонам, ки ин савол аз рӯйи обод нест, вале ба хотири муқоиса. Ҳаққи заҳмати 25 рӯзаи Шумо дар Аврупо чӣ қадар буд?

— Аслан дар бораи ганарар суҳбат намекунам, зеро ин масъалаи шахсиву ҳунарист. Аз ҷониби созандагони силсилафилм як миқдор гонорар бо чанд имтиёзи дигар пешниҳод карданд ва ман қабул кардам. Вале ба ҳар ҳол метавон гуфт, ки аз гонорари филмҳои тоҷикӣ фарқияти зиёд дорад. Гонорарам дар ин муддат тақрибан пули як хонаву як мошин шуд.

— Шумо рафтед, дидед, таҳлил кардед, акнун, бигӯед, ки чӣ хулоса баровардед?

— Бовар кунед, ҳунари ҳунармандони мо аз ҳунари ҳунармандони аврупоӣ ягон камӣ надорад. Масалан, Хуршед Мустафоев, Некқадам Шоназаров, Мавлонбибӣ Наҷмиддинова, Моҳпайкар Ёрова, Абдулмумин Шарифӣ,  Қурбони Собир ҳунармандони беҳтаринанд. Барои инҳо коргардон ва сенарияи хуб лозим аст. Агар ҳамин ду чиз бошад, ба боварӣ метавон гуфт, ки ин ҳунармандон дар кадом филме, ки нақш офаранд, он ҳатман дӯстдоштанӣ ва муваффақ мегардад.

— Барои он ки синамои мо ба Аврупо расад чӣ бояд кард?

— Ақлро кор фармудан даркор…

Биёед, “Алифбо”-ро такрор накунем

— Шумо  аз соли 2011 директори “Хонаи кино” ҳастед. Фаъолияти ин даргоҳ аз чӣ иборат аст?

— “Хонаи Кино” хонаи ҳамаи мову шумо аст. Як корхонаи ҷамъиятист. Ҳар як шахс ҳақ дорад омада гӯяд, ки ман филм ба навор гирифтам мехоҳам онро дар толори шумо ба намоиш гузорам. Мо дар ин ҷо ҷамъ шуда, дар атрофи он суҳбат мекунем. Ҳамчунин, дар ин ҷо рӯнамоии китобҳо, мастер-классҳо баргузор мешаванд.

— Шумо аз соли 2008 котиби масъули ҷашнвораи “Дидор” ҳастед. Бигӯед, ки ин фестивал ба Тоҷикистон чӣ дод?

— Ҷашнвораи “Дидор” ба Тоҷикистон бисёр чиз дод. Яке аз онҳо иштироки филмҳои тоҷикӣ дар ҷашнвораву озмунҳо аст, ки коргардонҳои мо дар самт хеле пешсаф шуданд.  

— Ба шумо ягон маротиба вазифаи давлатӣ пешниҳод карданд?

— Баъзе миш-мишҳо буданд, вале ман намехостаму намехоҳам.

— Шумо аз зиндагии хеш менолед?

— Ман ҳеҷ вақт нанолидам ва нолиданро номардӣ мешуморам. Ман ба шаъни худ ин чизро роҳ намедиҳам ва фикр мекунам, ки бо нолидан одам шарафашро аз даст медиҳад.

— Ба фикри шумо ҳоло мушкилии рақами яки аҳли ҳунари мо чист?

— Мушкилиҳои аҳли фарҳанги мо бисёранд. Агар ҳоло “А”-ро гӯем “Б” мемонад ва хуб мешавад, ки ин ҷо “Алифбо”-ро такрор накунем.

— Агар аз дастатон ояд, кадом мушкилии ҷомеаро ҳал мекардедд?

— Агар чунин имкон медоштам, ҳатман толорҳои синамоӣ бисёр месохтам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *