Як садамаву се тобут

 Тахминан соати 14:00-дақиқи снаи 28-ум ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” марди 22-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти шаҳраки Ёвон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки ба марди 26-солаи сокини ноҳияи Ёвон тааллуқ дорад, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”-и якум ва мусофирони автомашина, сокинони ноҳияи Ёвон, ду нафар марди 26 ва 27-сола, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Инчунин, мусофири дигар, марди 25-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *