Йоҳаннес Линн ба Бонки миллӣ омад

Ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии Йоҳаннес Линн 5 декабри соли равон ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ошно намуда, иброз дошт, ки ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо низоми бонкии Тоҷикистон сол то сол беҳтар ва дастгирии молиявии онҳо дар ташаккули сохтори бонкии мамлакат назаррас мебошад.

«Зимни мулоқот тарафҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳкими бонкҳо суҳбат намуда, ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба низоми бонкию молиявӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мемонанд»,-иттилоъ доданд аз БМТ.
Йоҳаннес Линнро дар мулоқот Лилия Бурунчук, Директори кишварҳои Осиёи Марказӣ, Саша Ҷумена, ҳамоҳангсози барномаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Патрисиа Виверс-Картер, Роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.