З. Ализода: Парвандаҳои З.Саидов ва Б. Ёров ҷанбаи сиёсӣ надоштанд

  Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷии кишвар нишаст баргузор гардид. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон З. Ализода гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба мақомоти номбурда  2279 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 457 муроҷиат хаттӣ ва 1822-тои он шифоҳӣ ворид шудаанд. Дар посух ба саволи хабарнигори «Тоҷикистон»  оё парвандаҳои Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров ҷанбаи сиёсӣ доштанд, зеро дар расонаҳо ва баъзе созмонҳои байналмилалӣ борҳост ин нукта таъкид шудааст,гуфт ,ки Парвандаҳои онҳо ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад, зеро нафарони номбурда бо ҷурми камбуди молӣ , даст доштан дар ришваситонӣ ва амсоли инхо айбдор шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *