Заҳро Меъмориёнӣ — Эрон

Хати сеюм

Соатам занг назад,

Ва гузошт пушти мизҳои клосси дувум,

Ақрабаҳоро рӯйи доираи коғазе сабт кунам.

Хонуми Салимӣ бихандад,

Ва насиме ором,

Тамоми коғазҳои музтарибамро фавт кунад.

Соат занг назад,

Ман имрӯз барои нарафтан будам,

Барои наздиктар нашудан,

Ва надидани ин ки боз ҳам,

Мардоне бар сари ҳар кӯча оина дар даст гирифтаанд,

Ва рӯшноии тези ҳақро,

Дар сиёҳии чашмҳоям фурӯ мекунанд.

Соатам имрӯз хомӯш монд,

Вале ваҳшати чашмҳоям ҳанӯз,

Аз шуълаи рӯзҳои дур месӯзад.

Имрӯз, ман барои наомадан будам,

Барои нишастан,

Ва донистани ин ки коғаз танҳо сарнавишти ман аст,

Ки солҳост,

Дар қобҳои муҷаллал таъкидаш мекунам.

Дурӯғ аст, ки ман боронам,

Ва қарор аст,

Пушти шишаҳои шаҳр аз ишқ бинависам,

Ман худ «нагуфтан»-ам,

Ниҳояташ битавонам абр бошам,

Оҳ бикашам,

Ва бо гӯшаи мақнаам,

Радди ашкҳои айнакамро пок кунам.

Вақташ, ки шуд,

Дубора ба дунё бармегардам,

Ба рӯз, ба одамҳо,

Ва соатамро дар лаҳзоти заминии ташвиш,

Навозиш мекунам.

Вақташ, ки шуд,

Дубора ба дунё бармегардам.

Чашмҳоямро мебандам ва ифтихоротамро,

Барои  бозёфт сари кӯча мегузорам.

Як дарахт,

Ҳангоми бовари хушкӣ,

Баргҳояшро бо дасти худ,

Ба замин меандозад.

***

 Сароб

Ангушт рӯйи панҷараи фарзӣ мегузорӣ,

Ва чароғи хонаҳои муҷтамеи рӯбарӯро,

Як ба як равшан мекунӣ.

Лаби ҳар панҷара,

Меваҳои расида,

Ба суқут фикр мекунанд.

Пардаро бикаш,

Писарбчаҳо миёни хоки кӯча қад мекашанд,

Ва тӯпҳо,

Рӯйи замин хоҳанд рехт.

Хона ақибнишинӣ мекунад,

Девор тарак бармедорад,

Ва ҳавз ба хок паноҳ хоҳад бурд.

Чароғҳоро хомӯш мекунам,

Зане бо дастмоли хис,

Панҷараҳоро пок мекунад.

Ва хонаҳо,

Дар табақоти осмон,

Ором мегиранд.

***

Ҳадя

Фақат ин ҳама абр метавонад,

Якҷо,

Ба хиёбон тазриқ шавад.

Мо лахтаҳои хуни ин пиёдаравҳои ғализ,

Ҳар кадом овезон ба чатри худ,

Медаваем,

Мепарем,

Аз рӯйи обҳо,

Ва ҳоли замин хуб мешавад.

زهرا معماریانی — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *