Зан дар даруни старекс шавҳарашро 4 корд зад…

Бино ба иттилои шоҳидони воқеа дирӯз соати тахминан 11:40 дақиқа дар маҳаллаи Шайнаки ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар сари роҳи мошинагард, зан бо захми чор корд шавҳари худро ба ҳалокат расонидааст. Шоҳидон мегӯянд, ронада акаи Убайдулло, як соат пеш аз пешин таҳорат карду омодаи намози ҷумъа шуда буд, ки дар ин рӯзи саъид ба намози ҷумъа рафта дар қатори мардум дар масҷид намоз гузорад.

Мошин сари роҳ қарор дошт ва ҳангоме, ки ронанда ба мошинаш менишинад, зан дари мошинро кушода вориди мошин мешавад ва дар курсии паси ронанда нишаста аз ӯ хоҳиш мекунад, ки рафтем маро дар масҷид нази мулло аз нав никоҳ карда гир. Манбаъ меафзояд, ки Акои Убайдулло тахминан се моҳ пеш аз оилааш ҷудо шуда, ба тариқи шаръи талоқашро дода будааст.

Бино бар ин зан чанде аз паи шавҳараш гашта пайти мувофиқе ҷустааст, ки аз нав ба никоҳи ӯ дарояд. Аммо мард ин талкифи занро рад мекунад. Ва дар ҳамин асно байнашон муноқиша сар мезанад. Индам занги телефон шуду ронанда хост телефонро гирад, аз ин фурсат зан истифода бурда, корди дар даруни сумка будаашро гирифта аввал ба гардани ӯ як корд мезанад, рорнанда вой гӯён худро ба берун мегирад. Зан чолокона аз мошин фаромада баъдан ба китфу тахтапушти мард корд мезанад. Хун фавора зада шишаи мошин ва сақфи онро гулгун мекунад.

Мардум чун ҳар вақта тамошобин, касе наздик нашуд ва ба рафти ин ҳодиса дахолат накард. Пас он зан бо корди дар дасташ буда, худашро корд зад як ду се ва аз ҳуш рафт. Ронанда дар ҷойи ҳодиса фавтид ва зан дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ аст.

Оид ба тафсилот ҳаводис чизи дигаре маълум нест. Пас аз дастрасии иттилоот шуморо огоҳ хоҳем кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *