Занеро аз худкушӣ наҷот доданд…

Дар ноҳияи Спитамен, як зани 27 сола, ки мехост худро ба Сирдарё партояд, бо фаврияти кормандони КҲФ дар шаҳри Хуҷанд наҷот ёфт.

Манбаъ меафзояд, ки ба қисми навбатдории Раёсат хабар расид, ки зане дар болои пули Сирдарё мехоҳад худро ба об андохтаву худкушӣ кунад.
«Бо дарёфти хабар кормандони мо зуд ба ҷойи ҳодиса расида, бо роҳи гуфтугӯ ӯро аз ин амалаш наҷот доданд», — афзуд манбаъ.

Манбаъ сабаби даст ба худкушӣ задани зани ҷавонро шарҳ наду гуфт, ин паҳлӯи қазияро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ доранд.

Кас дар шигфт мемонад, ки чаро мардум роҳи осони аз зиндагӣ канораҷӯиро пеша мекунанд? Худкушӣ роҳи халосӣ нест! Сол то сол чунин ҳаводис афзоиш ёта боиси нигарони ҷомеа гаштаанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *