Зани нимтоннагӣ даргузашт

Имон Аҳмад Абдуллоттӣ, ки гаронвазнтарин зани сайёра шинохта мешуд, баъд аз як ҷарроҳӣ барои коҳиши вазн ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, ин зани мисрӣ дар беморхонае дар Абу Дабӣ, пойтахти Аморати муттаҳидаи Араб баъди чандин ҷарроҳӣ даргузаштааст.

Имон Абдулоттӣ дар айни фарбеҳӣ ҳудуди 500 кило вазн дошт. Баъди анҷоми табобат дар Ҳиндустон наздики 200 кило хароб шуд, аммо хоҳари ӯ аз усули табобати табибон изҳори норизоӣ кард ва ӯро барои идомаи табобат ба Аморати муттаҳидаи Араб фиристод.

Беморхонае, ки Имон онҷо фавтид, дар як изҳорот боизҳори ҳамдардӣ ба наздикони ӯ гуфтааст, вай таҳти муроқибати беш аз 20 табиби баландихтисос буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *