Занозании ҷавонони тоҷику қирғиз дар Кӯктош

Даҳҳо нерӯи пулиси Қирғизистон барои назорати вазъ дар рустои Кӯктош, ҳаммарз бо ҷамоати Чоркӯҳи Исфараи Тоҷикистон мустақар шудаанд. Мақомоти ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд гуфтанд, ки нерӯҳои пулис баъд аз занозании як гурӯҳ аз ҷавонони тоҷику қирғиз дар шоми 22 январ ба ин минтақа рафтаанд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз қазияро шарҳ надода, хадамоти марзбонии Қирғизистон низ расман иттилоъ пахш накардааст.

Аммо Роза Усарова, раиси деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканд, гуфтааст, ки занозанӣ миёни ҷавонон соати 17-и рӯзи якшанбе шурӯъ шуда, баъдан ба сангпартоӣ печид. Вай иддао кардааст, ки гӯё як шаҳрванди Тоҷикистон ӯро ҳам зада ва ин ҷанги миёни ҷавононро шиддат бахшидааст.

Усарова дар ҳоле ин иддаоро кардааст, ки қаблан дар як изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамчун «таҳрикдиҳандаи муноқиша» дар Кӯктош, деҳаи ҳаммарз бо Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ном бурда шуда буд. Дар ҳамин ҳол, Кенеш Солиҳов, ҳокими ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд  гуфтааст, ки вазъ ба ҳолати одӣ баргашта, вале маъмурони пулис ҳанӯз ба назораташон идома медиҳанд.

Вай афзуд, мақомоти маҳаллии ду тараф вазъро баррасӣ кардаанд ва тафтишот сабабҳои рух додани ҳодисаро мушаххас хоҳанд кард. Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон низ занозании ҷавонони тоҷику қирғиз дар марзро таъйид карда, вале аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намудаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *