Зарари палма ва манъи воридоти он ба Тоҷикистон

Агентии “Тоҷикстандарт” воридот ва истифодаи равғани растании палма,  ки сифати паст дорад,  ба Тоҷикистон манъ кард.

Равғани палмаро ё  нахл ба Тоҷикистон асосан аз  Малайзияву Эрон ва Покистон,  ворид карда мешуд, ки дар истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва ширӣ истифода мегардид.

Мурод Ашӯров, сардори маркази матбуоти  Агентии “Тоҷикстандарт” иттилоъ дод, ки соҳибкорони тоҷик ба хотири нархи арзон навъи техникии равғани палмаро ба кишвар ворид мекарданд, ки истеъмолаш ба сиҳатии сокинон зарар дорад. «Равғани техникии палма аз ҳама навъҳои равғани сифатан пасттар ва арзонтар аст. Ҳарорати бадани одам 35-36 дараҷа аст, вале ин равған дар ин дараҷа дар меъдаи инсон ҳал намешавад. Дар мо аксаран онро бо равғани пахта омехта мекарданд ва дар истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ истифода мекарданд. Ҳоло мо истеъмол ва истифодаи онро дар корхонаҳо манъ кардем ва ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти ширию қаннодӣ фаҳмондем, ки равғанҳои дигар ва безарартар ба ҷойи онро истифода кунанд»,- иброз дошт  Мурод Ашӯров.

Ин тасмими «Тоҷикстандарт»  4 моҳ пеш роҳандозӣ гардиааст. Ба гуфтаи Ашӯров, соҳибкорон асосан  навъи равғани техникии палмаро ворид мекарданд, ки он сифати паст дошта,  барои истеъмол тавсия дода намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *