ЖУРНАЛИСТ ё тақдири қаламкаше, ки 40 сол иҷоранишин аст

Вақте ки ман барои эҷоди мавод аз боби рўзгор ва зиндагиномаи журналисти маъруфи тоҷик Неъматулло Мирсаидов қалам ба даст гирифтам, ҷисму руҳам ногаҳон гирифтори ҳассосият гардид. Зеро рўзгору фаъолияти эҷодиаш ҳамеша аз вуруди навпардозӣ ва ислоҳотталабї ба журналистикаи тоҷик шурўъ шудааст.

Ҳанўз хуб дар хотир дорам, ки солҳои 70-80-уми қарни гузашта теъдоди журналистони русзабони тоҷик ангуштшумор буда, устоди зиндаёд Отахон Латифӣ ҳамчун мухбири махсуси рўзномаи «Правда» парчамбардори ин гурўҳи қаламкашон буданд. Баъдан устодон Нур Табаров, Насрулло Асадуллоев ва бародарони ҳамқалами мо Ҳулкар Юсупов, Умед Бобохонов ба ин давра пайваста, дар мавриди инъикоси ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон аз тариқи расонаҳои марказии собиқ шуравӣ нақши муассир гузошанд. Неъматулло Мирсаидов замоне дар телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият шурўъ кард, ки воқеан ин дастгоҳи бузурги таблиғоти давлатӣ ба шореҳони русзабон ниёз дошт.

Ў қадамҳои аввалини худро дар ин ҷода аз барномаҳои варзишӣ шурўъ карда, дар таблиғи комёбиҳои беназири тими футболи «Помир»-и Душанбе саҳми бориз гузошт. Яъне, ў аз ҷумлаи аввалин шореҳони варзише буд, ки дар як вақт бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз ҷараёни бозии футболи лигаи олии Иттиҳоди Шўравӣ, ки дар он тими Тоҷикистон бо машҳуртарин тимҳои собиқ кишварҳои шўравӣ қувваозмоӣ мекард, ба таври мустақим гузориш медод.

Аз истеъдоду маҳорати ҳирфаии Неъматулло Мирсаидов шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои мухталифи Иттиҳоди Шўравӣ роҳат истифода карда, барои шарҳу гузориши ҷолиб ба ў изҳори сипос мекарданд, ки ин воқеан ифтихори тоҷикистониён буд. Баъдан бо пешниҳоди Раёсати Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон ў ҳамчун шореҳи сиёсии телевизион ба мавзуҳои мубрами сиёсиву иқтисодӣ даст зада, минбаъд дар шарҳи воқеаҳои байналмилалӣ, ба вижа, дар мавриди инъикоси камбуду пешравии ҳаёти сиёсї ва иқтисодии кишварҳои ҷаҳон муваффақу комёб гардид. Дар ин ҷо ба хотир овардани танҳо як гузориши мустақими телевизионии Неъматулло Мирсаидов ва мусоҳибаҳои ў бо журналистони шабакаҳои телевизионии мамлакатҳои хориҷӣ дар бораи фоҷеаи бузурги заминларзаи «Шарора» кофист.

баргузории пули телевизионӣ халқияту миллатҳои мухталифи дунё аз фоҷеаи дар Тоҷикистон рухдода бохабар гардида, барои рафъи оқибатҳои ҳузнангези ин заминларза оҷилан кўмакҳои моддӣ расониданд. Гузашта аз ин, сарони кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз тариқи барқияҳо тасаллияти хкдро иброз доштанд. Ин аст нақши журналист ва расонаҳои хабарӣ дар ҳаёти воқеии инсоният, ки, мутаассифона, аз фалокат эмин нест.

Фузун бар ин, сўҳбату мусоҳибаҳои ў бо раиси Шўрои Олии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар солҳи мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ барои таъмини сулҳу салоҳ ва баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон нақши калидӣ дошт. Ба ҳамин монанд боз даҳҳо барномаву филмҳои мустанади Неъматулло Мирсаидовро ёдовар шудан мумкин аст, ки барои пешрафти ҳаёти сисёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳанги кишвар таккони бузург бахшидааст.

Албатта, дар чаҳорчўбаи як очерки мустанад омўзиш, таҳлил ва пажўҳиши паҳлўҳои мухталифи фаъолияти эҷодии ин журналисти соҳибназар аз имкон берун аст. Ва фикр мекунам, ки ба ин кори муфид дар оянда муҳаққиқону журналистони ҷавон машғул шуда, дар риштаи омўзиши таърихи журналистикаи тоҷик ва самтҳои мухталифи эҷодиёти рўзноманигори ҳирфаӣ Неъматулло Мирсаидов қадамҳои устувор хоҳанд гузошт…

Ҳоло ман ҳаминро илова карда метавонам, ки Неъматулло Мирсаидов марди якраву якрў ва ҳамчун эҷодкор воқеан рўзноманигори ҳирфаӣ аст. Ў ҳамеша барои инъикоси мавзуҳои мубрами рўз талош карда, хабару мақола, гузоришу мусоҳиба ва маводи чопии таҳлиливу тадқиқотиаш дар расонаҳои хабарии маъруфи ҷаҳон интишор мегарданд. Шояд саволе ба миён ояд, ки чаро Неъматулло Мирсаидовро банда чунин таърифу тавсиф кардааст? Бояд ёдовар шавам, ки ин рўзноманигори соҳибноми тоҷикро ман дар лаҳзаҳои ҳассостарини зиндагӣ, ба вижа, дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон озмоиш кардам.

Ҳарчанд мо мутаваллиди деҳаи Чоркуҳи ноҳияи Исфара ҳастем ва дар солҳои тўлонӣ феълу атвори ҳамдигарро хуб дарк кардаем, вале ҷасорату садоқате, ки ў дар он солҳои барои миллати тоҷик ба хотири таъмини сулҳу салоҳ нишон дод, маро воқеан ба ҳайрат гузошт. Неъматулло Мирсаидов ҳамчун директори барномаҳои телевизион новобаста аз таҳдиду фишори гурўҳҳои мухталифи ҷангӣ ва қумондонҳои ҷабҳаҳои ба ҳам мухолиф дар таблиғи сиёсати сулҳҷўёнаи роҳбарияти олии кишвар саҳми муносиб гузошт. Дар он солҳои мудҳиш ба ў ва ҳамкоронаш, ки дар зери садои тир ва таҳдиди ҷон ба омодасозии барномаҳои телевизион машғул буданд, муяссар гардид, ки ормонҳои олии давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро пиёда сохта, дар қаламрави кишвар сохти конститутсиониро дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ таъмин созанд.

Фузун бар ин, Неъматулло Мирсаидов аввалин директори ширкати радио ва телевизиони байнидавлатии «Мир» дар Тоҷикистон буда, минбаъд фаъолияти эҷодии худро дар оҷонсии иттилоотию таҳлилии «Вароруд» ба сифати сармуҳаррир идома додааст. Маҳз дар ҳамин солҳо ўро аз тариқи шабакаҳои интернетӣ шумули ҳарчӣ бештари хонандагон ва рўзноманигорони ҳирфаии кишварҳои мухталиф эътироф карда, гузоришу мақолаҳои таҳлилиашро бе таҳриру дигаргунсозӣ оҷилона интишор карданд.

Ва ин ҳамкориро ў бо ҳамтоёни хориҷии худ то ба имрўз идома медиҳад, ки ин воқеан боиси қаноатмандии ҷомеа ва бахусус рўзноманигорони тоҷик аст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо фаъолияти эҷодии Неъматулло Мирсаидов дар рўзҳои мудҳиши муноқишаҳои наздисарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ў аз ҷумлаи фаъолтарин журналистоне мебошад, ки дар набарди иттилоотӣ пирўз гардида, бо гузоришу мусоҳиба ва филмномаи мустанад бо забони русӣ воқеияти таърихӣ ва сарчашмаҳои асосии муноқишаҳои чандинсолаи баҳсҳои наздимарзиро ба таври возеҳ инъикос кард. Ҳоло бошад ў чун ҳарвақта сабуриву хоксорӣ, шикастанафсиву некномиро пешаи худ карда, ба гурўҳи калони рўзноманигорони вилояти Суғд асрори касби журналистиро ҳаддалимкон омўхта, ҳамеша андармони кори эҷодӣ аст. Сулҳу салоҳ ва шукуфоии мамлакат барояш беҳтарин мукофоти амал аст.Лозим ба ёдоварист, ки бо вуҷуди ин ҳама дастовардҳои бузурги эҷодӣ дар риштаи журналистикаи байналмилалӣ ва ҷонфидоӣ ба хотири таъмини сулҳу салоҳ Неъматулло Мирсаидов то имрўз, яъне муддати 40 сол аст, ки иҷоранишин аст.

Ба қавле, на дар Душанбе ва на дар Хуҷанд хона надорад. Хушбахтона, имрўз назари роҳбари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нисбати қаламкашони ҳирфаие, ки манфиатҳои давлату мардуми Тоҷикистонро дифоъ мекунанд, ба куллӣ тағйир ёфтааст. Аз ин лиҳоз мо боварии комил дорем, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо кўмак ва дастгирии роҳбарияти олии кишвар Неъматулло Мирсаидов соҳиби манзили истиқоматӣ мегардад.

137Абдукодир Рустам, Сангин Гулов ва 135 одами дигар44 шарҳҳо16 мубодилаМаъқулШарҳМубодила кардан

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *