Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мушоҳидаҳо аз рӯзгори ҷавонони имрӯза

Имрӯз гум шудани духтарон, таҷовуз ба номус, худкушӣ ва ба ин  монанд падидаҳои манфӣ  дар расонаҳои иттилоотӣ  беш аз аз пеш  сайр доранд.

Аз таҳлили ахбор маълум мешавад, ки дар чунин корҳои нопок дасти ҷавонон низ ҳаст. Чӣ боис мешавад, ки  ҷавонони мо  амалҳои ваҳшиёна содир мекунанд? Дар асоси мушоҳидаамон ба ин савол посух меҷӯем.

Оғӯшкашии ошкоро

Дилам гурусна буд. “Нахӯрам, намешавд”, – гуфтам худ ба худ. Ба нуқтаи “тезтайёр”- и сайёр, ки воқеъ дар “Боғи ҷавонон” аст, равон шудам. Чун  дидам, ки донишҷӯён дӯконро ҳалқапеч карда гирифтаанд, ночор  навбат истодам.  Баъди  20 дақиқа  2 хот-дог гирифтам.  Хостам, ки дар яке аз айвонҳои нақшини боғ, ки дар роҳрав паиҳам ҷойгир аст, нишаста хот-догамро бихӯрам. Қадамзанон ба роҳрави сафолакпӯш расидам. Ба айвони якум наздик шуда, чашмам ба як  ҷуфти ҳамоғӯше афтод. Ба қавли  мо ҷавонҳо, “аз байнашон қиле намегузашт”. То 7-ум айвон роҳ гаштаму ҷойи холӣ наёфтам, чунки дар айвонҳо  мулоқоти “дилдодаҳо” ҷараён дошт. Гӯё онҳоро оҳанрабо ба ҳам ҷазб карда бошад. Тамошои оғӯшкашии ошкороашонро муносиб надида, тири нигоҳамро дигар тараф бурдам. Аз гуруснагӣ  оҳари дил мерехту шикам танбӯр менавохт. Ночор аз роҳрав ба даруни боғ даромадам. Ба нимкате нишаста, хот-догро хӯрдам. Албатта, дар ин шабурӯз ин манзара ғайричашмдошт нест ва ҷойи тааҷҷуб ҳам надорад. Дар “Боғи ҷавонон” як лаҳзаҳоеро метавон дид, ки касро моту мабҳут мекунад.

Ноҷавонмардии як ҷавонмард

Рӯзе дар гардиши “Масҷиди асосӣ” интизори автобус будам.  Аз тарафи рости роҳ истода, баҳузур даруни боғро, ки дар тарафи чапи роҳ воқеъ аст,  тамошо мекардам. Пеши чашмам боз ҷуфти муносибе намоён шуд. Онҳо дар нимкате нишаста буданд. Аз рафтори ҷавон  маълум буд, ки ӯ ба духтарак таҳдид карда истодааст. Вай даст афшонда, ким-чиҳо мегуфт. Бо дастонаш китфи духтаракро сахт-сахт такон медод. Аз афташ, ба чизе иқрор шудани духтарро металабид. Духтарак талош мекард, ки  аз ӯ  раҳо шавад. Дастони ҷавонро аз болои китфонаш дур мекунонд. Аз ҷавон  рӯ  метофт.  Қарор намеистод. Косаи сабри ҷавон лабрез шуда монд, ки ногаҳон  мисли саги хапгир ҷаҳида, аз домани духтарак  дошту  ба рӯяш торсакии обдор фуровардан гирифт…  Духтарак дигар хомӯш монд. Шояд ҳар ду забон ёфтанд, ки ба гапзании оромона гузаштанд. Ҷавон аз банди дасти духтарак дошта гап мезад… Ман савори хатсайри № 8 шудаму ҳамоно чашм аз он ҷуфти ғалатӣ намекандам. Дар рӯзи равшан ба духтарак даст бардоштани ҷавонмарди тоҷикро аввалин бор бо чашми сар дидам. Чунин манзараро дар филмҳо медидам. Шояд ҳаёти мо аз кино ранг гирифта истодааст?

Ҷавонмарди имрӯза қимат дорад?

Вақти танаффус буд. Дар ошиёнаи 3-юми бинои таълимии № 10 – и ДМТ ғалоғулаи донишҷӯён торафт шиддат мегирифт. Дарси басти аввал  тамом шуда буд. Равуои донишҷӯён ҳамоно давом дошт. Дар ин ҳол зинаҳо гузари тангнои ким-кадом деҳаро мемонад. Донишҷӯён дар фаромадану баромадан мудом ҳадаҳа мекунанд. Вақте ман ҳам аз зина тозон  мефаромадам,  тифоқо, чашмам ба поёни зина афтод. Духтараки нобино бо роҳбаладии як ҷавони навча боло мебаромад. Духтарак бо тааннӣ ба зинаҳои болоӣ қадам мепартофт. Дар дасти чапи ҷавон  ҷувздоне ҳамоил буд, ки дастаки дароз дошт. Духтарак бо дасти рост аз дастаки ҷувздони ҷавон дошта,  қадам  мезад. Ҳар ду баробар  боло ҳаракат мекарданд. Ин манзара бароям асаре бахшид. Онҳо метавонистанд, ки дасти ҳамдигарро дошта, қадам зананд. Лекин накарданд.  Бархӯрдор будани ҷавонҳо аз  ҳадду сарҳади муносибат, ҳаққонӣ, бароям омӯзанда буд.  Як ҳамкурсам, ки дар хобгоҳи ДМТ меистад, гуфт, ки қариб ҳар рӯз ин ду  навҷавонро  мебинад. Онҳо ҳамсабақ будаанд. Ҷавони қадбаланд ҳар рӯз духтараки нобиноро то худи донишгоҳ ҳамраҳӣ мекардааст. “То ҳол надидаам, ки бача дасти  духтаракро қапида бошад, ҳар ду дастаки сумкаро дошта мераванд” – гуфт шарикдарсам.             

Пӯшида нест, ки дар сари як пиёла чой низ  бузургсолони мо аз  бефаҳмиву хирасарии ҷавонон гап мекушоянд. Саволи “Кай ин мавзӯъ ба пуррагӣ ҳаллу фасл меёбад?”, – ҷавоби аниқ надорад.  Бархе муътақиданд, ки “мандонамӣ” ва “ҳарчигӯйӣ”- и онҳо чорапазир нест. Пас, чаро бузургсолон барои  ислоҳ кунондан хуни дил хӯранд!? “Ин чӯҷаҳои дирӯза бори гарони рӯзгорро аз куҷо донанд, то ба сарашон наояд намефаҳманд,- мегӯянду ҷонашон халос. “Зоғе бе доғе нест” ,-гуфтаанд. Нагузорем, ки доғи покнашавандае номамонро сиёҳ кунад…

Файзуллохон Обидов,

донишҷӯ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj