Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зуҳрохон Холова дар мусобиқаи Осиё оид ба кикбоксинг аввал шуд

 Зуҳрохон Холова мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавии дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар мусобиқаи Осиё оид ба кикбоксинг дар шаҳри Ченчхоуи Ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ дар вазни 52 кг соҳиби ҷои аввал шуд.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, З. Холова аз соли 2002 то ин ҷониб дар Маркази варзишии таэквандо ва кикбокси шаҳри Душанбе тамрин намуда, аз соли 2006 ёрдамчии мураббӣ ва соли 2008 то ин ҷониб ҳамчун мурабӣ дар риштаи таэквондо-кикбоксинг фаъолият дорад.
Соли 2006 чемпион оид ба кикбоксинг дар сатҳи ҷаҳонӣ, чемпиони чоркаратаи Осиё оид ба таэквондо, Устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба таэквондо ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, барандаи ҷоизаи биринҷӣ, ғолиби чемпионати ҷаҳонӣ оид ба таэквондо ва кикбоксинг, дорандаи миёнбанди сиёҳ дараҷаи III мебошад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.