Талаби озодии блогнависи интиқодгари президенти Ӯзбекистон

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (Committee to Protect Journalists, CPJ) 16 сентябр ба раҳоии фаврии блогнависи ӯзбекистонӣ даъват кард, ки баъди танқиди президенти Ӯзбекистон 10 сол зиндонӣ шуд.

Мақомоти он кишвар Нодирбек Ҳоҷиматовро 12 сентябр ҳабс ва дар таҳқири президент Шавкат Мирзиёев айбдор карданд. Бар асоси қонунгузорӣ, ин навъи қонунвайронкунӣ то 950 доллар ҷарима дорад, на зиндон.

Ҳоҷиматов бо нашри номае ба унвонии президент, ба таҳқиқи фасодкории ду мансабдори маҳаллӣ даъват кард. Блогнавис дар номааш навишт, ки ҳокимони вилоятҳои Андиҷон ва Шаҳрихони Ӯзбекистон сазовори мукофотҳои президентие нестанд, ки ахиран ба онҳо дода шуд.

«Дар солҳои охир мақомоти Ӯзбекистон барои беҳсозии вазъи озодии матбуот иқдомҳои зиёде карданд. Вале сарфи назар аз ин, зиндонӣ шудани Нодирбек Ҳоҷиматов нишони он аст, ки танқид ҳамоно ҷазо дар пай дорад. Ҳоҷиматов бояд фавран озод шавад ва имкони амалӣ кардани ҳуқуқҳои конститутсиониашро дошта бошад», — гуфт ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ Гулноза Саид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *