Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар маҳалли задухӯрд

Сарвазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон — Қоҳир Расулзода ва Муҳаммадқулӣ Абилғозиев дар гузаргоҳи марзии «Қизил-Бел»-и ду кишвар мулоқот карданд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, ҷонибҳо дар мулоқот тадбирҳои муштаракро барои ба эътидол овардани вазъ дар марзи ду кишвар баррасӣ карданд.

Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба задухурди мусаллаҳонае, ки бо марги сарбозон анҷомид, изҳори таассуф ва ба пайвандону наздикони ҳалокшудаҳо ҳамдардӣ баён карданд. Ҷонибҳо ҳамчунин хостанд, ки корҳо дар самти таъйин ва аломатгузории хати марзҳои давлатӣ тақвият дода шавад.

Абилғозиев ва Расулзода бори дигар ҷонибдории худро аз созишномаҳои ҳосилшуда баён карда, гуфтаанд, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд аз равишҳои созанда кор гирифт. Аз ҷумла, сарвазирон ба раҳбарони хадамоти марзбонӣ ва мақомоти маҳалли ду кишвар дастур додаанд, ки ҳамкориҳоро дар тамоми сатҳо тақвият бахшида, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон пурзӯр кунанд.

Муовинони сарвазирон ва раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон вазифадор карда шуданд, ки фардо дар маҳалли ҳодиса корҳои муштаракро барои тезонидани ҳалли мушкили ба вуҷуд омада идома диҳанд.

Шоми 16 сентябр дар қитъаи баҳсии марзи ду кишвар тирандозӣ рух дод. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷаи тирандозӣ дар марз бо Қирғизистон чанд шаҳрванди кишвар маҷрӯҳ шудааст. Қирғизистон гуфт, як сарбозаш аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расид.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд, вале гуфтанд, тирандозӣ хотима ёфтааст ва ду тараф барои роҳ надодан ба шиддат гирифтани муноқиша талош доранд.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар навбати худ ҷониби Тоҷикистонро ба шурӯи корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои баҳсӣ муттаҳам кардааст. Мақомоти он кишвар гуфтаанд, «дар ҷавоб шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳамин қитъа ба сохтмони девор сар карданд.»

Дар баёнияи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки хабаргузории давлатии «Ховар» нашр кард, омадааст: «Ҷониби Қирғизистон хилофи созишномаҳои дуҷониба амал карда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар кард.»

Дар баёния нерӯҳои Қирғизистонро ба иғвогарӣ муттаҳам карда ва гуфтаанд, дар натиҷаи тирандозии онҳо ба самти сокинони маҳаллаи Баҳор якчанд нафар шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шудаанд.

Дар баёнияе, ки Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон шоми 16-уми сентябр нашр кард, ҷониби Тоҷикистон ба сар задани ҳодиса муттаҳам шудааст. Дар ин баёния гуфта мешавад, марзбонони тоҷик бо дуруштӣ бо сокинони деҳаи Мақсад рафтор кардаанд ва ба самти марзбонони қирғиз тир андохта, якеро куштаанд.

Дар баёния омадааст, ки мақомоти расмии ду тараф дар маҳалли ҳодиса қарор доранд ва барои ба эътидол овардани вазъ, бо аҳолӣ сӯҳбат мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.