Эътирози расмии Тоҷикистон ба Қирғизистон

Кордори Сафорати Қирғизистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нисбати ҳодисаи ахир дар марзи ин ду кишвар даъват шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи ин вазорат, ҷониби Тоҷикистон нисбати ҳодисае, ки рӯзи 16 сентябр дар деҳаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рух дод ва талафоти ҷонӣ ба дунбол дошт, расман эътироз кардааст.

Дар ин муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон cе марзбони тоҷик ва як марзбони қирғиз кушта шуда, аз ҳар ду ҷониб даҳҳо тан ҷароҳат бардоштанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид кардааст, дар мухолифат бо тавофуқоти қаблӣ ҷониби Қирғизистон дар минтақаи баҳсӣ дар наздики марзи ин ду кишвар корҳои сохтмониро анҷом додааст.

Афзун бар ин, Қирғизистон ба маҳали ҳодиса 250-300 низомиро фиристодааст, ки ба сӯйи сокинони осоиштаи деҳаи Баҳори Тоҷикистон аз силоҳҳои оташфишон тирандозӣ кардаанд. Низомиёни тоҷик маҷбур шудаанд, ба манзури ҳимоят аз сокинони осоишта оташи ҷавобӣ кушоянд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон нисбати ҳодисаи  деҳаи Баҳор дар 16 сентябр ба ҷониби Қирғизистон нотаи эътирозӣ супурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *