Талаботи нав барои муҳоҷирони дорои шаҳрванди Русия

Дар Русия тафтиши муҳоҷироне, ки шаҳрвандии ин кишварро гирифдаанд, аммо дар қайди ҳарбӣ нестанд, оғоз гардид.

Мувоффиқи қонуни Русия шахсоне, ки шиносномаи ин кишварро гирифтаанду аз сабти ном дар қувваи ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, метавонанд шаҳрвандиашонро аз даст диҳанд.

Вазорати корҳои дохилии Русия аз комиссариатҳои ҳарбӣ дархост кардааст, ки дар бораи шаҳрвандоне, ки шаҳрвандӣ гирифтаанд ва худро дар қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, маълумот диҳанд.

Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дод.
Ба иттилои номбурда, тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ беш аз 1100 нафар шаҳрвандоне, ки шаҳрвандии Русияро гирифта будунд, ба хотири ҷиноятҳои содиркарда шаҳрвандиашон бекор карда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки 8 августи соли равон Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, тибқи он шаҳрванди хориҷӣ, ки шаҳрванди Русия мешавад ва аз иҷрои ӯҳдадориҳои худ, аз ҷумла худро дар комисариати ҳарбӣ ба қайд намегирад, аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *