Талафоти сангин. Сабоҳат Қосимова даргузашт

Сабоҳат Қосимова — яке аз устодони театри тоҷик рӯзи 24-уми май дар синни 72-солагӣ даргузашт. Ӯ яке аз сутунҳои театру кинои тоҷик буд.

Сабоҳат Қосимова ҳамсари Фаррухи Қосим, хоҳари Муқаддас Набиева, келини Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова буд.

Сабоҳат Қосимова 19-уми ноябри соли 1951 дар деҳаи Ватани ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Соли 1973 шуъбаи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар солҳои 1973-1989, 1999-2002 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ва аз 1990 ҳунарпешаи Театри Аҳоруну чанд соли охир роҳбари бадеии он буд.

Аз беҳтарин нақшҳои офаридаи Сабоҳат Қосимова дар Театри Лоҳутӣ метавон Адиба («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Ҳабиба («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и Сотим Улуғзода), Шараф («Корвони бахт»-и Мирсаид Миршакар), Неля («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Мадлена («Тӯдаи риёкорон»-и М. Булгаков) ва ғайраро ном бурд.

Дар Театри «Аҳорун» нақшҳои Зулайхо («Юсуфи гумгашта…»-и Ҷомӣ), Карделия («Шоҳ Лир»-и Шекспир), Ширинкор («Шоҳ Фаридун»-и Фирдавсӣ) ва ғайраро бо маҳорати баланд бозидааст.

Сабоҳат Қосимова дар ҳайати Театри «Аҳорун» ба Эрон, Русия, Белгия, Полша, Голландия, Фаронса сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Ӯ ҳамчунин дар зиёда аз 100 намоишу спектаклҳои телевизионӣ нақш бозидааст.

Сабоҳат Қосимова барандаи ҷашнвораи ҷаҳонии театрҳо дар Гурҷистон (1983), барандаи ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши зан» дар озмуни театрҳои ҷавонон ва наврасони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Тошканд, озмунҳои байналмилалии «Наврӯз-90», «Тугайлик» дар шаҳри Уфа, «Даҳаи фаҷр» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Осиёи Миёна» дар шаҳри Антверпени Белгия аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *