Намои шаҳри Турсунзода дигар мешавад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Турсунзода бо Лоиҳаи банақшагирии маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисмати маркази шаҳри Турсунзода шинос шуд.

Тавре зикр мегардад, ҷиҳати татбиқи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода 128 гектар замин илова гардида, масоҳати умумии маркази шаҳр ба 778 гектар расонида мешавад, ки ин барои 100 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи нақшаи муфассали банақшагирии шаҳр дар масоҳати зиёда аз 86 гектар 270 бинои истиқоматии 6, 9, 10 ва 16-ошёна сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Иншооти зикршуда дар заминаи манзилҳои як ва дуқабата ва хобгоҳҳои дуошёна, инчунин биноҳои куҳнаву фарсудаи маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисмати марказии шаҳр бунёд мегарданд.

Гуфта мешавад, ки зиёда аз 28 километр роҳи байнишаҳрӣ таъмиру азнавсозӣ гашта, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Турсунзода 400 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *