Дар шумораи №21-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Хушдоманам золим набуд”, “Апа, хонавайронам накун!”, “Зани дуюм шуда, ба бало гирифтор шудам” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобномаи исломӣ” таҳти унвони “Талоқ дар хоб?” ба суоли хонандаи ҳафтанома посух дода шудааст.

“Бероҳа”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи як зан, ки умре дар сояи давлати модар умр ба сар барад ҳам, боз ба роҳи бад меравад. Қурбонии фитнаҳои ӯ ҷавони соддаву деҳотие мегардад, ки билохира аз макри занаш баъд аз марги фоҷиавии ӯ хабар меёбад. Қиссаи мазкур давомдор буда, давоми онро дар шумораи оянда мутолиа кардан мумкин аст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома таҳти рубрикаи “Оила ва ислом” саволу ҷавобҳои динӣ ва маводи кӯтоҳеро зери сарлавҳаи “Дарвозаи биҳиштро кӣ мекушояд?” мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз услуби нави Мубориз то ташкили китобхона дар ятимхона аз ҷониби Диловар” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Аз ҳаёти ситораҳо” таҳти унвони “Хушбахтӣ мехоҳам” мусоҳибаро аз зиндагӣ ва фаъолияти сарояндаи шинохта Шаҳриёр Давлатов мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Солимӣ” таҳти унвони “Риши зан нишонаи кадом бемориҳост?” маводи тиббиро дар боби мушкилии мазкур, ки занҳои зиёдеро азият медиҳад, мутолиа намоед.

“Зулайхоро кӣ кушт?” қиссаи навбатиест инъикоскунандаи хушунати оилавӣ ва ҷабру ситами як ҷавонзан, ки бо се тифли кӯчак дар нимароҳи зиндагӣ танҳо монда, роҳи ягонаро дар худкушии худ ва ҷигарбандонаш мебинад.

“Рашки хоҳарарӯс” қиссаи тарбиявӣ буда, занҳоро ҳушдор медиҳад, ки дар зиндагӣ ба насиҳату маслиҳати қисматшикани дигарон гӯш надиҳанд ва хонаи бахташонро бо дасти худ вайрон насозанд.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *