Таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Масъулин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои беҳтар кардани ҳолати роҳҳои мошингард таваҷҷуҳи бештар медиҳанд. Онҳо барои таъмиру бозсозии роҳҳо дар баробари Вазорати нақлиёти кишвар ва мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону шахсони ҳимматбаландро ҷалб мекунанд.
Исмон Тагайбекзода, сардори Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, давоми соли равон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои таъмиру нигаҳдории роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, зиёда аз 180 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Албатта, то охири сол боз барои таъмири роҳҳои мошингард маблағ ҷудо карда мешавад.
«Роҳҳои таъмирталаб дар ноҳия кам нестанд. Мо марҳила ба марҳила роҳҳои мошингарди ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро таъмир карда истодаем. То охири сол роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаро таъмиру бозсозӣ мекунем», — афзуд вай.
Ба таъкиди Исмон Тагайбекзода, бо саҳми соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ роҳҳои мошингар мумфарш ва таъмир мешавад. Ӯ афзуд, ки танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ бо ҳиссагузории онҳо бо харҷи беш аз 100 ҳазор сомонӣ вазъи роҳҳои маҳаллӣ беҳтар карда шудааст. Умед аст, ки ба хотири истиқболи шоиста аз 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ободии кишвар онҳо дар оянда ҳам саҳми арзандаи хешро дар таъмиру бозсозии роҳҳои моҳингард мегузоранд.
-Давоми панҷ моҳ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар 20 тонна мум гирифтем. Бо истифода аз мум 350 тонна омехтаи сиёх омода карда беш аз 45 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ таъмири ҷорӣ карда шуд,-таъкид дошт номбурда.
Бояд гуфт, ки дар мувозинати Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомабилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 227 километр роҳҳои мошингард аст. Аз ин 182 километр роҳи аҳамияти маҳаллидошта аст. Хушбахтона ҳамасола ба қадри зарурӣ роҳҳо таъмири ҷорӣ карда мешаванд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ