Таърихсозон. 13 медали варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои тобистонаи олимпӣ

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз соли 1972 ширкат мекунанд. То имрӯз онҳо ба кишвар 13 медал овардаанд, ки панҷ тило, як нуқра ва ҳафт биринҷӣ мебошад.

Медали тило:

— Юрий Лобанов — соли 1972, Олимпиадаи Мюнхени Олмон, каноэи дукаса;

— Анатолий Старостин — соли 1980, Олимпиадаи Москваи СССР — 2, медали тило, панҷҳарбаи муосир — дар ҳисоби инфиродӣ ва дастаӣ;

— Андрей Абдувалиев — соли 1992, Барселонаи Испания — гурзандозӣ;

— Дилшод Назаров — соли 2016, Олимпиадаи Рио-Де-Жанейрои Бразилия — гурзандозӣ.   

Медали нуқра:

— Юсуф Абдусаломов — соли 2008, Олимпиадаи Пекини Чин аз куштии озод.

Медали нуқра:

— Зебуннисо Рустамова — соли 1976, Олимпиадаи Монреали Канада — камонварӣ;

— Юрий Лобанов — соли 1980, Олимпиадаи Москваи Иттиҳоди Шӯравӣ — қаиқронӣ дар каноэи дукаса;

— Расул Боқиев — соли 2008, Олимпиадаи Пекини Чин — ҷудо;

— Мавзуна Чориева — соли 2012, Олимпиадаи Лондони Англия — бокси занон;

— Сомон Маҳмадбеков — соли 2024, Олимпиадаи Порис Фаронса — ҷудо;

— Темур Раҳимов — соли 2024, Олимпиадаи Порис Фаронса — ҷудо;

— Давлат Болтаев — соли 2024, Олимпиадаи Порис Фаронса — бокс.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуд, рӯзи чоршанбеи 14-уми август ба Душанбе баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони тоҷикро наздиконашон, масъулини соҳа ва ҳаводорони варзиш истиқбол гирифтанд. 

Дар Олимпиадаи Париж аз 14 варзишгари тоҷик се нафар — Сомон Маҳмадбеков (81 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг), ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев дар риштаи бокс (92 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *