Таркиш дар мактаби духтаронаи Покистон

Полиси Покистон гуфт, ки дар натиҷаи таркиши бомба дар беруни як мактаби духтарона дар шимолуғарби Покистон субҳи 8 май, ду афсари полис маҷрӯҳ шудааст. Муҳаммад Тоҳир, раиси полиси маҳаллӣ гуфт, ки дар натиҷаи таркише, ки дар наздикиҳои шаҳри Пешавар рух дод, ҳеҷ як аз мактабхонҳо осеб надид, вале ду ходими департаменти полиси зиддитеррористӣ дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шуданд. Таркиш дар ҳоле рух дод, ки мошини полис аз болои маводи таркандаи ҷогузоришуда ҳаракат кард. Дар наздикии он маҳал як маводи дигари мунфаҷира ошкор ва безарар гардонида шуд.

Матбуоти маҳаллӣ акси маҳалли баъди таркишро нашр кардааст, ки аз рӯи он дида мешавад, ки дарвозаи марказии мактаб шадидан осеб дидааст. Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст, вале дар гузашта гурӯҳи ҷангиёни Толибон бо мухолифаташон бо таҳсили духтарон маъруф буданд. Пешавар, ки маркази вилояти Хайбар Пахтунхваи Покистон мебошад, дар гузашта шоҳиди ҳамлаҳои шадиди террористӣ шудааст. Дар натиҷаи як чунин ҳамлаи террористӣ болои мактаби фарзандони низомиён декабри соли 2014 беш аз 150 нафар ва аксар кӯдакон кушта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *