СУҒД: Фавти 13 модару 1073 кӯдак дар як сол

Дар ҳудуди вилояти Суғд соли 2016-13  нафар ва соли 2017-4 нафар модарон вобаста ба ҳомиладорӣ ва таваллудкунӣ фавтидаанд. Инчунин фавти кӯдакони навзоди синни то 1-сола дар соли сипарӣ 1073 нафар ва соли равон 244 нафарро ташкил медиҳад.  Зимни баргузории шӯрои ҳамаҳангсозӣ прокрори вилоят Ҳабибулло Воҳидов зикр намуд, ки фавти модару кӯдак асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Бобоҷон  Ғафуров ва Айнӣ боиси ташвиш аст.

                              

                                         Прокрори вилояти Суғд

                                                              Сабаби афзоиши фавт дар чист?

Сабабу омилҳои зиёд гардидани фавти модару кӯдак  ин пеш аз ҳама аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят  дар давраи ҳомиладорӣ мунтазам зери назорат нагирифтан, саривақт ёрии тиббӣ нарасонидан, барои таваллудкунӣ ба беморхона бистарӣ накардан, номатлуб иҷро кардани вазифаҳои касбии духтурону дояҳо мебошад.

Зеро мутобиқи талаботи  моддаҳои 33-34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ”  модар ва кӯдак дар ҶТ таҳти ғамхорӣ ва ҳимояи махсуси давлат қарор дошта, ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро давлат ҳифз менамояд. Муассисаҳои тиббӣ барои ҳифзи саломатии модар ва кӯдак масъул мебошанд.  Аммо дар рафти фаъолияти худ бархе аз кормандони соҳаи тиб касбият ва савганди худро ба гӯшаи фаромӯшӣ мебаранд. Илова бар ин то ҳол дар ҳолатҳои фаъолияти бархе аз муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо камбуду нарасоиҳои ҷой дошта боиси фавти модар ва кӯдак гаштаанд. Ба ибораи дигар “духтурон бемасъулиятанд”.

 Аммо ин  беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии онҳо  аз ҷониби кормандони прократура мавриди санҷиш қарор гирифт ва натиҷа нисбати  табибоне, ки ба  дағалӣ, беаҳмиятӣ, тамаъкорӣ ва дигар камбудиҳо роҳ додаанд парвандаҳои маъмуриву ҷиноӣ боз карда шуд.

       9 парванда барои бемасъулиятӣ-8 парванда барои порагирӣ

 Барои рафъи камбудӣ ва хубтар ба роҳ мондани фаъоляти кории кормандони соҳаи тиб, ки дар натиҷа модар ва кӯдак фавтидаанд 9 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Инчунни барои гирифтани пора, тамаъкорӣ ва  мукафотипулӣ бошад  8 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар мардуми мо мақоле ҳаст, ки  “Об аз сар лой” мегӯянд , ки он низ ҳикмати худро дорад.

Зеро “гурӯҳ”-и облойкунакҳо алакай барои худ нақшаи гирифтани пораву мукофотпулиро низ кашф кардаанд.  Тибқи мушоҳидаҳо ва маълумоти волидон барои тавлиди як фарзанд дар таваллудхонаҳо (бо шодиёнааш) аз 800 то 2000 сомонӣ маблағ сарф мегардад ва хароҷоти зиёду камии маблағ аз чанд омил вобастагӣ дорад: Ҷинси кўдак – писар ё духтар,  нахустписар – ҳудуди 2000 сомонӣ, нахустдухтар – 1000 сомонӣ, тавлиди дуюм ва сеюми фарзанд – аз 800 то 1000 сомонӣ, таваллуд бо роҳи чоки қайсар – то 2000 сомонӣ.

        Духтури Хуҷанд 1000 сомонӣ мукофотпулӣ талаб карду ба даст афтод

Аз оғозҳи соли 2016 то семоҳаи соли 2017 сӯйистифода аз мансаб кардани  чанд нафар кормандони муассисаҳои тиббӣ ошкор карда шуд. Зеро бархе аз мудирони шӯъбаҳои  беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят шахсони мансабдори таваллудхонаҳо ба ҷои иҷрои вазифаҳои касбии худ ва солим нигоҳ доштани вазъи саломати модару навзодаш бо роҳу воситаҳои гуногун ва  ғайриқонунӣ аз шаҳрвандон маблағҳои пулӣ талаб мекардаанд.

Масалан, духтури таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд Сангинова З.А санаи  07. 03. 2016 бо роҳи тамаъҷӯӣ аз шаҳрванд Мамадҷонова Л.А барои гузаронидани ҷарроҳии  қайсарии келинаш Отаева У. маблағи 1000 сомонӣ мукофотпулӣ талаб кардааст.

  1. 03 16 зимни гирифтани маблағи 900  сомонӣ Сангиносва З.А аз ҷониби кормандони  прократураи шаҳри Хуҷанд боздошт гардида, нисбаташ бо моддаи 324 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон   парвандаи ҷиноятӣ  оғоз шуда, баъди анҷоми тафтишот ба ҳукми суд маҳкум гардид.

Ба ин монанд ҳолат соли 2015 низ ошкор гардиди буд. 25. 12. 15 нисбати акушер гинекологи маркази саломатии шаҳри Исфара Бурҳонова З. Ҳ   барои дӯзонидани пардаи бакорати шаҳрванд Имомова  М.А 3000 сомонӣ талаб карда, бо моддаи 324 қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда бо ҳукми суд маҳкум гардид.

                  Духтурон фармоиши Вазирро нодидада мегиранд?

Тибқи талаботи “Тавсияҳои  клиникавӣ оид ба ёрии нтанталӣ ҳангоми ҳамилагии физиологӣ”, ки бо фармоиши Вазири тандурасти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 161  аз 21.02.2015 тасдиқ шудааст, занони ҳомила аз ҷониби духтури оилавӣ ва момодоя то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ бояд ба қайд гирифта шаванд.

Аммо бар хилофи ин талабот давоми соли 2016 ва се моҳи соли 2017 дар 5 ҳолат аз ҷониби кормандони тибби марказҳои саломатии минтақаи суғд пас аз гузаштани 15 то 22 ҳафтаи ҳомиладорӣ занони ҳомиладор ба назорат гирифта шудаанд, ки ин ҳолатҳои низ боиси фавти онҳо гаштааст.

Илова бар ин дар фармоиши Вазири тандурустӣ омадааст:- Барои пурра тайёр кардани зани ҳомиладор ба давраи таваллуд ва таваллдуи тифли солим, Тибқи тавсияҳои клиникии дар боло зикргардида (Стандартҳои миллӣ) занони ҳомиладор аз давраи 12 ҳафтаинаи ҳомиладорӣ то давраи таваллуд бояд 7 маротиба аз ташрифи духтур гузаронида шаванд.

Лекин таҳлилҳои кормандони прократура ва ҳам таҳлили оморҳо оид ба фавту сабабҳои он нишон дод, ки  аз давраи 12 ҳафтаинаи ҳомиладорӣ то давраи таваллуд, ки бояд зани ҳомила  7 маротиба аз назорати духтур гузаронида шавад, на ҳама вақт риоя мегардад.

Ин риоя нагардиро аксар духтурон  танҳо аз кори худ не, блаки бепарвоии худи занон низ вобаста медоданд.  Ба гуфти онҳо солимии зани зоянда ва тифли ӯ танҳо дар дасти духтурон нест. Балки худи ӯ низ сари вақт ба духтур муроҷит кунад,  инчунин қоидаҳои  санитарӣ-гигиенӣ ва дигар талаботҳоро риоя кунад. Дар ҳоле, ки зани дар батнаш тифлбуда то дами таваллуд дар корҳои саҳроӣ ва дигар корҳои хоҷагӣ ҷалб мешавад, на худи ӯ ва на ягон аъзоёни оилааш фикри солими модару кӯдакро мекунанд. Барои онҳо гӯё иҷрои корҳо аз тавлиди тифл ҳам муҳим бошад, кор мекунанд. Гоҳо аз муҳлат пеш таваллуд мекунанд. Иловар бар ин иллати аслии таваллуд дар хонаро дар масофаи дур аз маркази ноҳия қарор доштани деҳаҳо, мушкилии роҳ дар фасли сармо ва камбуди нақлиёти ёрии таъҷилӣ арзёбӣ мекунанд кормандони соҳаи тиб.

                                        Мисоли рушани вафти як зан

09.01.17  сокини шаҳри Панҷакент Турсунова З. бо ташхиси ҳомилагии 34-35  ҳафтаина , ба таваллудхонаи шаҳри Панҷакент оварда шуда, 11. 01. 17 дар натиҷаи хунравии дарунии давомнок, гирифтани бачадон ва норасоии кори узвҳои ҳаётан  муҳим фавтидааст.

Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки Турсунова то давраи ҳомиладорӣ гирифтори  бемории вариди пойҳо ва камхунӣ буда, аз тарафи табиби оилавии  Маркази саломати деҳаи Чиларча Норматова М. Дар мӯҳлати 22 ҳафтаи ҳомиладорӣ бо қайд гирифта шудааст.

Дар чунин ҳолат агар ҳомидаории зани ҳомила барвақт ба қайд гирифта шуда, беморияш муайян мегардид, бо роҳи қатъи сунъии ҳомиладорӣ вафти занро пешгарӣ кардан имконпазир буд.

                       Муносибати дағали духтурон раиси вилоятро низ нигарон кардааст

Ришваситонии бархе аз пизишкон дар ҳолест, ки Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд чанде пеш аз кору фаъолияти духтурони шимоли кишвар нигаронӣ карда, гуфт, ки имрўз муносибату муомилаи пизишкон бо мардум дағалтар гашта, барои як ҷарроҳӣ то 7-8 ҳазор доллар мегиранд. Ў ин нуктаро 11-уми июли соли равон зимни як нишасти хабарӣ ба рўзноманигорон баён дошта, таъкид намуд, ки аз ҳама муҳим муносибати духтур мебошад: «Аммо мебахшед, имрўз муносибату муомилаи духтурон дағалтар шудааст. Агар бо ҳамин 50%-и касал муомила хуб бошад, вай сиҳат меёбад».

Мақсудзода Фаррух сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд, ки нав ба вазифаи сардорӣ таъин шудааст аз ҷой доштани ришваситонӣ дар беморхонаҳои  нигаронӣ карда афзуд, ки  «мутаассифона, имрўз чунин ҳолатҳо дар таваллудхонаҳо ба назар мерасанд, вале ин масъалаи ҳалшаванда аст, ба шарте, ки шаҳрвандон низ бо мо ҳамкорӣ намоянд».

                                                                                                                                                           Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *