Таркиш дар Шӯрообод, ду наврас захмӣ шуданд

Бар асари таркиши мина дар марзи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ) бо Афғонистон ду навраси 13 ва 14-сола захмӣ шуда, ҳоло дар бемористони ноҳияи Восеъ таҳти табобат қарор доранд.

Ин ҳодиса шоми 9 май ҳангоми подабонии ин ду наврас рух додааст.Дар наздикии деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод), ки дар марз бо Афғонистон қарор дорад, ду сокини наавраси деҳаи Қавоқ ҳангоми подабонӣ ба як минаи зидди нирӯҳои пиёдагар бархӯрда, ҷароҳат бардоштаанд. Шукрулло Фахриддини 14-сола ва Шоҳрух Хайриддини 13-сола дар ин соат чорвои хонагиашонро чаро медоданд.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон гуфтааст, ки  ин ду наврас бар асари таркиши минаи зидди нирӯҳои пиёдагарди навъи ТСМ-1 ҷароҳат бардоштаанд. Чунин минаҳоро дар тӯли хатти марз бо Афғонистон нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз вуруди силоҳбадастон ва қочоқбарон гузоштаанд.

Умеда Юсупова гуфт, ҳарду захмиро бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористони ноҳияи Восеъ интиқол додаанд. Табибон вазъи онҳоро мӯътадил арзёбӣ мекунанд, вале мегӯянд, ки ҳарду баъди ин таркиш ҳанӯз дар ҳолати шок қарор доранд.

Дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки чунин навъи минаҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳанӯз дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90, ки ҷангиёни Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин аз ин самти марз талоши вуруд ба қаламрави Тоҷикистонро мекарданд, гузошта шуда буданд.

Бино ба ҳисоби Маркази миначинии Тоҷикистон, аз соли 1992 ба ин тараф дар ин кишвар бар асари таркиши минаҳо тақрибан 600 нафар осеб дидаанд. Аз ҷумла бар асари таркиши минаҳо дар Тоҷикистон беш аз 300 нафар ҷон бохта, тақрибан 300 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар 5 соли охир бо кӯшиши Маркази миначинӣ, ки аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ таъмини молӣ мешавад, дар қаламрави Тоҷикистогн беш аз 3000 минаву снарядҳои нотаркидае, ки аз замони ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ мондаанд, безарар гардонда шуданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *