Эълони озмун барои беҳтарин чеҳранигории Ислом Каримов

Академияи рассомии Ӯзбекистон барои кашидани беҳтарин чеҳранигории президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов озмун эълон кардааст. Дар ин бора сомонаи академия иттилоъ медиҳад.
Дар озмун наққошу сураткаш ва рассомони касбӣ метавонанд иштирок кунанд. Дар мавриди ҳаҷми кор ҳеч маҳдудият пешбинӣ нашудааст. Ин озмун то 31 июл идома дошта, ғолибонро бо ҷоизаҳои Академияи рассомии Ӯзбекистон қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Дар озмуни беҳтарин тарҳи ҳайкали Ислом Каримов пайкарасози маъруф Илҳом Ҷабборов баранда эълон шуд. Ҳоло Ҷабборов, ки дар замони ҳукмронии Каримов таъқиб мешуд, вазифадор аст, то дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Қаршӣ муҷассамаҳои президенти пешини Ӯзбекистонро бисозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *