Тармафароии хатарнок ва сардии ҳаво дар назар аст
Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво хеле сард шуда, фаромадани тарма дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
«Ҳамин тариқ, дар давраи аз 30 то 31 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда, боришоти сахт (дар водиҳо боридани борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ барф) дар назар аст», — иттилоъ медиҳад манбаъ.
30 январ боришоти хеле сахт дар назар аст. Инчунин дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон боришоти сахт ба амал меоянд. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар ғарби ВМКБ тармафароии хатарнок дар назар аст.
Дар робита ба ин, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо эҳтиёткор буданро хоҳиш дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ