Писарбачае ба номи «Нурусултон-Ота» суруд сароидааст (видео)

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон бахшида ба Рӯзи Остона ва зодрӯзи Нурсултон Назарбоев, президенти ин кишвар 6 июл чорабиние баргузор шудааст, иттилоъ медиҳад расонаи маҳаллии Ratel.kz.

Бино бар иттилои Ratel.kz, дар доираи консерти идона ба саҳна наздики 80 писарбача бо номи Нурсултон баромадааст. Онҳо бо ҳам дар ҳаққи президенти Қазоқистон таронаеро зери унвони «Нурсултон-Ота» сароидаанд.

«Қадамзанон дар ҳаққи раҳбари давлат суруд мехонданду ӯро бо як меҳрубонии хоса «падар» (ота) меномиданд. Муаллиф ҳам матни сурудро бо як муҳаббти бузург навиштааст. Тавре дида мешуд, писарбачаҳо ҳангоми баромад дар саҳна кори худро аз рӯи виҷдон анҷом медоданд ва калимаҳои тарона буро хонда шуда, сарояндаҳо низ фаъол буданд. Дар ин суруд ҷавонон изҳори умед мекунанд, ки вақте бузург шуданд мисли Элбесӣ (лақаби Назарбоев) хоҳанд шуд», — афзудааст расона.

Ҳангоми иҷрои ин суруд ҳамзамон порчаҳо аз ҳаёту фаъолияти Нурсултон Назарбоев ҳам намоиш дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *