Ташкилоти «Ҳумо» тақозои замон аст!

ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» — ташкилоти замонавии бисёрҷабҳаест, ки  пайваста такмил  меёбад ва дар бозори дохилии молияи хурд мавқеи пешсафӣ дорад. Ин Ташкилот баҳри беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар саҳми намоён мегузорад. Шумораи мизоҷонаш ҳам хеле зиёданд. Сабаб чист, ки мардум ба Ташкилот бедудилагӣ  рӯ меоранду сафи мизоҷонаш  кам намешавад? 

«Гап дар сари он, ки устувории молиявии ҳар як мизоҷ барои ташкилоти «Ҳумо» муҳим мебошад. Барои он, ки шумораи мизоҷон  кам нашаванд, мо бояд донем, ки имрӯзҳо онҳоро чӣ ба ташвиш  меорад», —  мегӯяд Директори генералӣ Ваисова Мавсуда Сариевна. — «Қисми зиёди сокинони  шаҳру деҳоти кишвари  мо тарзи  ҳаёти фаъолонаро пеш мебаранд ва муҳим аст, донанд, ки онҳо метавонанд аз маҷмӯи ҳамаи хизматрасониҳои бонкӣ  дар як ҷо ва вақти барояшон қуллай истифода намоянд».

Ин тақозои замонро ба назар гирифта, соли равон ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» шабакаи нуқтаҳои хизматрасониашро бо фаъолгардонии чор шуъбаи нав васеъ намуд. Дар айни замон дар Ташкилот 20 шуъба, 32 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 12 нуқтаи  хизматрасонӣ ба мизоҷон фаъолият мекунад, ки бештарашон дар  вилояти Хатлон ҷойгир мебошанд. Дар ҳамаи ин нуқтаҳо хизматрасонӣ ба дараҷаи баланд ба роҳ монда шудааст, мизоҷон дар вақти дилхоҳашон  метавонанд аз хизматрасониҳои мо истифода баранд.  Маҳз ҳамин омилҳо барои баамалбарории стратегияи ширкат, яъне фароҳамоварии беҳтарин шароитҳо аз шароитҳои дастрас мусоидат менамоянд. Миссия, яъне вазифаи асосии «Ҳумо» ҳам ҳамин аст: пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии босифат ва  дастрас ба аҳолӣ, ва махсусан аҳолии  деҳоти дурдаст ва нисбатан қашшоқ, ҳамчунин мусоидат намудан ба рушди тиҷорати хурду миёна бо мақсади таъмини мардуми шаҳру деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шароитҳои нави иқтисодӣ.

Ташкилоти «Ҳумо» барои мизоҷони худ хизматрасониҳои  гуногунмақсади қарзӣ, аз ҷумла барои пешбурди чорводорӣ, хоҷагии деҳот, соҳибкорӣ, ҳамчунин эҳтиёҷоти  истеъмолӣ пешниҳод менамояд. Дар баробари ин шаклҳои қарздиҳии «Таҳсил» барои гирифтани маълумот, «Саломатӣ» барои табобат ва «Садбарг»-ро, ки махсус барои  бонувон пешбинӣ шудааст, фаъол гардида, ҳангоми тартиб додани консепсияи ин хизматрасониҳо масоили ҳалталаби ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ ба назар гирифта мешавад. Ба ғайр аз ин, дар баробари  шаклҳои қарздиҳии фардӣ, дар Ташкилот усули қарздиҳии гурӯҳӣ низ амал мекунад. Гурӯҳ метавонад аз 2 то 10 одам иборат буда, ҳар як аъзои он ҳам барои иҷрои уҳдадориҳои худ ва ҳам барои иҷрои уҳдадориҳои ҳамгурӯҳҳояш ҷавобгар аст. Ин шакли қарздиҳӣ дар деҳот ва минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ васеъ истифода мешавад.

Мизоҷони Ташкилот аз хизматрасониҳои  депозитӣ, яъне  амонатгузориҳо низ васеъ истифода мекунанд. 14 декабри соли 2015 Ташкилоти амонатгузориву қарздиҳии хурди «Ҳумо» бо шабакаи интиқоли пулии «Контакт» шартномаи ҳамкориро ба имзо расонид. Дар асоси ин шартнома моҳи январи соли 2016 хизматрасонии нави «Муҳоҷир» мураттаб гардид. Афзалияти асосии депозити «Муҳоҷир» — дастгирии аҳолии маҳаллиест, ки берун аз Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд ва тариқи шабакаи «Контакт» метавонанд ҳисоби худро пурра намоянд.

Ҳамчунин охири моҳи феврали соли равон, Ташкилот хизматрасонии тамоман наверо, ки дар Тоҷикистон ҳамто надорад, ба мизоҷон пешниҳод намуд, бо номи «Фоизи устувор» («Несгораемый процент»). Ин хизматрасонӣ чунин афзалият дорад: ҳангоми қатъи шартнома аз тарафи мизоҷ баъди 61 рӯзи баста шудани он, пули амонатӣ бо назардошти  фоизи солона ва бе талафи фоизҳо пардохт мешавад.

Аз сабаби зиёд гардидани талабот Роҳбарият тасмим гирифт, ки дар доираи лоиҳаи санҷишӣ боз як хизматрасонии интиқоли дохилии маблағҳоро ба роҳ монад, ки айни замон аҳолӣ аз ин намуди хизматрасонӣ бомуваффақият истифода мебаранд.

            “Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор” гуфтаанд. Дилёбиву хайрхоҳӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» гардидааст. Ташкилот иштирокчии фаъоли ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар кишвар, шарики боэътимоди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ мебошад, пайваста ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, хонаҳои ятимон, мактаб-интернатҳо, хонаи куҳансолон кӯмак мерасонад. Асосан ин дастгирӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ба кӯдакони ятим мебошад. Тӯли чандин сол аст, ки баҳри ин мақсад маблағ ҷудо мешавад ва ин ба анъана даромадааст гӯем, хато нахоҳад буд.

Пӯшида нест, ки буҳрони молиявӣ ба фаъолияти системаи бонкии кишвар, аз ҷумла ТАҚХ-ҳо душвориҳои зиёд пеш овардааст, вале ба ин нигоҳ накарда «Ҳумо» эҳсони худро дареғ намедорад ва ин шоистаи таҳсин асту бори дигар собит менамояд, ки ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» дар бозори молиявӣ мавқеи мустаҳкамро нигоҳ медорад. Новобаста аз душвориҳое, ки имрӯз дар фаъолияти ташкилотҳои хурди амонативу қарздиҳӣ ва умуман системаи бонкии кишвар  ҳастанд, шакли қарздиҳии хурд яке аз воситаҳои пурсамари баландбардории сатҳи зиндагии аҳолии камдаромад ҳисоб меёбад.

  • «Буҳрони молиявии ҳозира бешубҳа таъсир дорад, вале фаромӯш набояд кард, ки маҳз буҳрон барои  дигаргуниҳои қатъӣ ва навсозиҳо мусоидат менамояд», —  гуфт дар давоми суханаш Мавсуда Сариевна. «Дар шароити буҳрони иқтисодӣ устувор мондан  маънои дар бозори молиявӣ ба мавқеи мустаҳкамтар соҳиб шуданро дорад. Вақтҳои охир  соҳибкорони зиёди хурду миёна  ва ҳатто бузург ҳам нисбат ба қарзҳои бонкӣ хизматрасониҳои ташкилотҳои амонатгузориву қарздиҳии хурдро авлотар медонанд. Дар айни замон вазъият каме ба эътидол даромада ба такомули фаъолияти ташкилотҳои микрокредитӣ таъсири мусбӣ расонида истодааст”.

Аз таъсиси ташкилоти «Ҳумо» 12 сол сипарӣ мешавад. Ин муддати кам нест. Ташкилот бо роҳбарияти кордон ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи худ тавонист, ки дар миёни ташкилотҳои амонативу қарздиҳии хурди кишвар мақоми муносиб касб намояд. Ташкилотҳои молиявии зиёде баробари таъсис ҳамагӣ як ё ду сол фаъолият накарда, барҳам  мехуранд. Аммо ташкилоти «Ҳумо» аз замони таъсис то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад. Дар беш аз 40 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, Қӯрғонтеппа, Ёвон, Кӯлоб, Данғара, Хуҷанд, Исфара, Ваҳдат, Ҳисор, Истаравшан ва монанди ин филиалҳои «Ҳумо» фаъолият мекунанд, ки мизоҷон аз хизматрасониҳои онҳо истифода мебаранд. Роҳбарияти Ташкилот ният дорад, ки теъдоди филиалҳоро бештар, сифати хизматрасониро барои мизоҷонаш боз ҳам баланд намуда, мавқеи Ташкилотро устувортар созад.

Махсус бояд қайд намуд, ки бо талош ва заҳматҳои шабонарӯзии ҳайати бисёрнафара  дар рушди  хизматрасониҳои молиявӣ, ташкилоти «Ҳумо» дар барномаи иттилоотии умумиҷаҳонии «MIX Market» (Маркази маълумотии ҷамъиятие, ки ташкилотҳои маблағгузории хурд  ва ташкилотҳои мададрасон маълумотҳои молиявии худро барои таъсис додани шаффофият ва дарк кардани бозор ҷойгир мекунанд)  миқдори ниҳоят зиёди «4 алмос»-ро сазовор гардид. Ин унвонро ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» барои риоя ва беҳтар намудани хизматрасониҳои молиявӣ сазовор шудааст.

  • «Аз фурсат истифода бурда, хонандагони ҳафтаномаи «Оила»-ро бовар мекунонам, ки  ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» минбаъд ҳам такомул меёбад, роҳҳои нави фаъолиятро ҷустуҷӯ карда ба аҳолӣ лоиҳаҳои навро пешниҳод менамояд. Хушнуд мешавем, агар хонандагони «Оила» ҳам бо мо бошанд ва аз хизматрасониҳоямон баҳраманд гарданд», — ба суҳбат  ҳусни анҷом бахшид Ваисова Мавсуда Сариевна.

Малоҳат   Дӯстматова

 

 

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *