Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумост!
Ба иттилои милитсияи пойтахт таҳлили садамаҳои нақлиётӣ нишон медиҳанд, ки дар бештари маврид ронандагону мусофирон аз тасмаи бехатарӣ истифода намекунанд ва ин амал боиси садамаҳои вазнин мегардад.
Бо мақсади кам шудани садамаҳо дар роҳу нақлиёт ва истифодаи бештари тасмаи бехатарӣ аз 1-ум то 10-уми апрел аз ҷониби милитсияи шаҳри Душанбе чорабинии мақсаднок таҳти унвони «Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумост» амалӣ мегардад.
Инчунин, аз ҷониби шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, дар ҳудуди пойтахт рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида мешаванд.
Милитсияи пойтахт аз ронандагону мусофирон хоҳиш мекунад, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя намуда, пеш аз ҳама бехатарии худро таъмин намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ