Таваллуди сегоник дар Ёвон

Дирӯз, 4 август дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон зане сегоник таваллуд кард. Феълан вазъи кӯдакони навзод ва модари онҳо хуб аст.

  Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба Pressa.tj гуфтанд, ки ин модари хуштолеъ Бибилола Шоимардонова, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нав аст. Ба иттилои расида, ҳоло саломатии модару кӯдакони навзод хуб аст.

«Бо дастури раиси ноҳияи Ёвон, модару кӯдакони навзод зери назорати ҷиддии табибон қарор доранд. Барои нигаҳдории онҳо дар беморхона шароит хуб аст»,-иттилоъ дод манбаъ.

Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси ноҳияи Ёвон дар рӯзи таваллуди кӯдакон дар беморхона аз онҳо хабар гирифтааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз ба модари сегоникҳо туҳфаи роҳбарияти ноҳияи Ёвон супорида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *