Тавсияи Маркази миллии тестӣ ба довталабон
Маркази миллии тестии Тоҷикистон чанд тағйироти муҳимро барои довталабон дар соли таҳсили 2022-2023 эълон кард. Дар ин бора котиби матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон Замира Абдусаломзода хабар медиҳад.
Ҳамин тавр, номи баъзе аз муассисаҳои таълимӣ тағйир ёфта, инчунин бархеи ихтисосҳо аз феҳристҳо хориҷ ва якчанд комбинатсияи ихтисосҳои нав ворид шудааст.
Тибқи тағйироти дигар, маблағи шартномаи таҳсил дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо коҳиш ёфтааст. Вале ҳаҷми маблағи коҳишёфтаи шартнома дар академия дақиқ гуфта нашудааст.
Ҳамчунин, ба низоми ИМД Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ғайридавлатӣ) ворид карда шуд, ки комбинатсияи ихтисосҳои он низ дар маводи қаблан чопшуда мавҷуд нест.
Гуфта мешавад, ки тағйироти ҷадид баъд аз нашри дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ворид гардидаанд.
Дар ин росто, ММТ ба довталабон тавсия медиҳад, ки барои интихоби ихтисосҳо аз феҳристҳое, ки дар шакли чопӣ дар ҳар нуқтаи бақайдгирӣ дастрасанд, истифода намоянд. Нусхаи электронии феҳристҳои комбинатсияҳои ихтисосҳо дар сомонаи марказ низ бо дарназардошти тағйиру иловаҳои зикршуда ҷой дода шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ