Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи I қадрдонӣ шуд
Адиби маъруф Темур Зулфиқоров бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.
Мукофоти давлатиро ба адиби маъруф Темур Зулфиқоров муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ солҳои 1956—1958 дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград, вале баъдан ба таҳсилашро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Маскав идома дод ва соли 1961 онро хатм кард.
Темур Зулфиқоров аз даврони ҷавонӣ ба осори бузургони адаби форсӣ ҳамчун Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдию Ҳофиз ва адибони дигари ҷаҳонӣ, ба монанди Данте, Шекспир, Пушкин, Толстой рӯй овард, ки ба ҷаҳонбиниву малакаи адабияш таъсир гузоштанд.
Темур Зулфиқоров бо асари «Достони марги Амир Темур» (1971) ба адабиёт ворид шуд. Муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст. Румонҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насруддин, Умари Хайём, Иван Грозний, Темури Ланг ӯро шуҳратманд карданд. Аз ҷумла асари ӯ «Сафари заминӣ ва осмонии шоир» унвони «Беҳтарин румони Аврупо-93» ва ҷоизаи «Коллетс»-и Британияро дарёфт кард.
Асари «Тамсилҳои тилоии Хоҷа Насруддин»-и Темур Зулфиқоров соли 2004 ҳамчун «асари ҳунарии барҷастаи адабиёти рус» сазовори ҷоизаи адабии «Ясная Поляна» ва асари дигари ӯ — «Афъимори марҷонӣ» соҳиби унвони «Китоби беҳтарини сол» (2005) ва барои беҳтарин филмнома соли 1991 сазовори ҷоизаи «Ҳортли-Меррилл» (Ҳолливуд) гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ