Теппаи Қӯрғон баъди матолиби “Тоҷикистон” бозсозӣ мешавад

Бозсозии Теппаи Қӯрғон — яке аз муҳимтарин иншооти таърихӣ дар шаҳри Бохтар рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд. Ёдовар мешавем, ки дар бораи ҳолати садамавии ин иншоот “Тоҷикистон” солҳои 2021, 2022 ва 2023 мақолаҳо нашр карда буд.

То 35-солагии Истиқлол

Теппаи Қӯрғон яке аз ёдгориҳои таърихии нодир мебошад, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар воқеъ аст. Дар болои ин теппа Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум» низ бунёд шудааст. Вале бо сабаби ба ҳолати садамавӣ дучор шудани теппа, чанд сол аст, ки дарҳои он барои тамошобинон баста мебошад.

“Тоҷикистон” дар бораи ҳолати садамавии ин теппа аз соли 2021 ин ҷониб чанд матлаб ба нашр расонид. Билохира, тасмим гирифта шуд, ки Теппаи Қӯрғон бозсозӣ шавад.

Теппаи Қӯрғон бо дастгириву маблағгузории МИҲД-и вилояти Хатлон бозсозӣ мешавад. Лоиҳааш омода шуда, рӯзҳои наздик корҳои сохтмониаш аз ҷониби Меъмории шаҳрсозии шаҳри Душанбе оғоз хоҳад шуд.

Дар нишасти Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон гуфта шуд, ки барои бозсозии иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети вилоят дар соли 2024-ум 4,9 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар ин мавзеъ сохтмони Амфитеатр, чойхона, бинои шуъбаи САҲШ-и шаҳри Бохтар дар назар гирифта шудааст.

Барои бозсозии пурраи Теппаи Қӯрғон тибқи ҳисобҳои пешакӣ 50 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки корҳои сохтмонии он соли 2024-ум оғоз шуда, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давалтии кишвар, яъне соли 2026-ум ба истифода дода мешавад.

Теппаи шоҳон ва Бибихонум

Муаррихон мегӯянд, ки пайдоиши Теппаи Қӯрғон аз асрҳои 1-2 оғоз ёфтааст. Он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асри 19-20 қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст. Ин теппаи таърихӣ аҳамияти бузурги таърихӣ дорад ва яке аз намодҳои асосии шаҳри Бохтар аст.

Теппа қаблан муҳимтарин мавзеъ барои сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар буд. Ҳамарӯза даҳҳо нафар аз он дидан мекарданд. Ҳамчунин, макони фароғату истироҳати сокинон буд.  

Дар болои теппа Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Бохтар соли 1999 дар арафаи ҷашни 1100-солагии асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд. 24-уми сентябри ҳамон сол бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин осорхона ба истифода дода шуд. Вале бо сабаби ба ҳолати садамавӣ рӯ ба рӯ шудани теппа айни замон дари осорхона баста аст. Осорхона дорои беш аз 2 ҳазору 468 нигораи таърихӣ буда, аз 24 гӯша иборат аст. Бозёфтҳои таърихии он ба асрҳои 7-9 то инҷониб рост меоянд.

Д. ҚОДИРПУР,

шаҳри Бохтар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *