Тезтар шифо ёбед, раис!
Бинобар маълумоти манобеи идораи ҳукумати Вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Дустӣ Салоҳиддин Раҷабзода бо сактаи мағзӣ ё инсулт аз беморхонаи вилоятӣ ба бемористони пойтахт интиқол ёфт.
Ҳодиса рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта рух дод. Ин хабаро дар ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ ҳам тасдиқ карданд. Табибони беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар, Қурғонтеппаи собиқ гуфтанд, азбски “ҳоли раиси ноҳия бад буд” тасмим шуд, ки ӯро барои табобат ба бемористони Қарияи Болои пойтахт интиқол диҳанд.Табибон мегӯяд, ки бо он ки сактаи мағзи як қисми бадани Салоҳиддин Раҷабзодаро фалаҷ кардааст, аммо табибон ба беҳбуд ёфтани вазъи ӯ хушбин ҳастанд.Салоҳиддин Раҷабзода аз аввали соли 2016 бо фармони президент ба вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ, Ҷиликули собиқ таъин шуд. Ӯ рӯзи 10 феврал дар нишасти матбуотии солона хушнуд ба назар мерасид ва аломати маризие дар чеҳрааш мушоҳида намешуд.Раҷабзодаи 58-сола сокини маҳаллаи Чапаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст. Ӯ дар вилояти Хатлон аз раисони номдор ва дар соҳаи кишоварзӣ муваффақ номбар мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ