Худозада дастгир шуд

Мирзо Алимов, ки ду рӯз пеш аз бинои додситонии шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) фирор карда буд. Шоми 25 феврал дастгир шудааст.

Мирзо Алимови 41-сола бо гумони таҷовуз ба номуси духтари 13-солааш дар боздошт қарор дошт, вале рӯзи шанбе ҳангоми бозпурсӣ фирор кард. Барои боздошти ӯ амалиёти густардае ба роҳ андохтанд.

Алимов Мирзо Аъзамхонович, соли таваллудаш 1967, зодаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Гулистон, ки рӯзи 24 феврал ҳангоми бозпурсӣ аз бинои додситонии шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) фирор карда буд, шоми 25 феврал дар микроавтобусе, ки аз Гулистон ба Хуҷанд мерафт, боздошт шудааст.Тафсилоти боздошти ӯ ҳанӯз маълум нест, вале аз нимаи дуюми рӯзи шанбе бо ҳадафи боздошти Мирзо Алимов дар Қайроққуму Хуҷанд ва дигар минтақаҳои атроф амалиёти густардае барои боздошти Мирзо Алимов ба роҳ андохта шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *