«Тоҷикфилм» ва «Лендок» филми муштарак таҳия мекунанд
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори генералии киностудияи “Лендок” Телнов Алексей Николаевич, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати таҳияи филми муштарак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои МД “Тоҷикфилм”, зимни вохӯрии самимӣ доир ба рушди ҳамкориҳо, филмбардории муштарак ва ба намоиш гузоштани филмҳо дар қаламрави ҳар ду кишвар ибрози назар карда шудааст.
Таъкид гардидааст, ки дар асоси Меморандуми ҳамкории Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва киностудияи “Лендок” минбаъд таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии “Оромӣ дар куҳҳо”, “Афсонаи пирмард Хаттаб”, филми мустанади “Масҷид” ва филми тасвирии “Бабри барфӣ” дар назар дошта шудааст.
— Аҳли эҷоди киностудияи “Лендок” ҳоло дар болои филмнома кор карда, пас аз пурра омода шудан он барои баррасӣ ва омӯзиш ба ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пешниҳод карда мешавад. Дар таҳияи филм аҳли эҷоду техникӣ ва ҳунарпешаҳои тоҷик ҷалб карда шуда, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодӣ ва ҳунарпешаҳои рус ва ҳунарпешаҳои дигар кишварҳо рӯйи навор оварда мешавад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ