Дар обҳои кишвар дар як шабонарӯз се нафар фавтидаанд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷасадро аз об берун оварда, аз таҳхонаи як бинои истиқоматӣ оби ҷамъшударо кашида ва ба ҷустуҷӯи ҷасади сокини 7-солаи ноҳияи Қубодиён, ки ғарқ шуда буд, оғоз кардаанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, соати 07:50 дақиқаи вақти маҳалии рӯзи 1-уми майи соли равон ба қисми навбатдории КҲФ хабар расидааст, ки дар кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, наздикии Вазорати адлия, дар як селроҳа ҷасади марди тахминан 50-55-сола намудор аст. Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасадро берун оварда ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Шахсияти ҷасад ва сабабҳои марги вай муайян карда мешавад.

Инчунин, 29-уми апрели соли 2023 як сокини 14-солаи маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз хона берун шуда, дигар барнагаштааст. Тахмин зада мешуд, ки дар об ғарқ шудааст.

1-уми майи соли 2023 соати 10:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот имдодгарон ҷасадро дар кӯли сунъии ба истилоҳ “Мехкарйер”, ки дар ҳудуди маҳаллаи Чимтеппа ҷойгир мебошад, пайдо карда, ба кормандони милитсия супурдаанд.

Бино ба маълумоти қисми фаврии навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон, 30-юми апрели соли равон тахминан соати 19:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини 7-солаи деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён аз беэҳтиётӣ дар канали маҳаллии Каттаариқ ғарқ шудааст. Баъди дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.

Бино ба гузориши расида, то кунун ҷасад пайдо нашуда ва субҳи 2-уми май корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шудааст. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *