8-уми май барои киҳо рӯзи истироҳатӣ аст?

Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ба рӯзҳои корӣ гузаронидани рӯзҳои истироҳат, барои афроде, ки реҷаи панҷрӯзаи корӣ доранд, 8-уми май рӯзи истироҳатӣ аст.

Ба гуфтаи Маликшо Неъматзода, раиси Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, рӯзҳои 7 ва 9-уми майи соли 2023 барои тоҷикистониён рӯзҳои истироҳат аст. Барои касоне, ки реҷаи шашрӯзаи корӣ доранд, 8-уми май рӯзи корӣ аст.

Бояд қайд кард, ки 9-уми май Рӯзи Ғалаба аст. Ин рӯз дар бисёре аз кишварҳо дар тақвим бо ранги сурх ишора шудааст, яъне рӯзи истироҳат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *